Савол № 00544

домуллои муҳтарам илтимос мегуфтед, ки агар дар ҳини тавоф ё саъй таҳорат шиканад, бояд чи кор кунад.

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу, домуллои муҳтарам илтимос мегуфтед, ки агар дар ҳини тавоф ё саъй таҳорат шиканад, бояд чи кор кунад. Бо салом бародари Шумо Акрам аз ш. Душанбе.

Саволдиҳанда:Акрам

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз Агар шахсе дар ҳолати тавоф таҳораташ шиканад, лекин дидаву дониста тавофашро бе таҳорат анҷом диҳад, ба зиммаи ӯ як гусфанд забҳ кардан воҷиб мегардад. Дар ин ҳолат хуб аст, ки тавофкунанда аз сари нав таҳорат намуда, тавофи худро идома диҳад. Агар таҳорати нав намуда, тавофро аз сари нав шурӯъ кунад, хуб аст ва ҷиноят ҳам лозим намегардад. Агар дар аснои саъй байни Сафо ва Марва таҳораташ шиканад ва онро бе таҳорат анҷом диҳад, ин амалаш ҷиноят ба шумор намеравад, аммо беҳтар аст, ки онро бо таҳорат анҷом диҳад. 

2016-08-01
5382
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:09
Пешин12:40
Аср17:18
Шом19:16
Хуфтан20:47