Савол № 00695

Домуллои муҳтарам, дар вақти таҳорат кардан агар либосамон пурра пойҳоямонро маҳкам кунад (манзурамон колготкаи занона аст, ки почадор буда, барои онро кашидан мо бояд пурра либосамонро кашем), аз болояш масҳ кашем раво аст? ..

Савол:

Домуллои муҳтарам, дар вақти таҳорат кардан агар либосамон пурра пойҳоямонро маҳкам кунад (манзурамон колготкаи занона аст, ки почадор буда, барои онро кашидан мо бояд пурра либосамонро кашем), аз болояш масҳ кашем раво аст? Бояд бигӯям, ки мо дар коргоҳе пинҳонӣ намоз мехонем, то ба роҳбарият гап нарасад...

Саволдиҳанда:Сураё.

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Хоҳари азиз, аз нигоҳи шариат таҳорат ҳудуди муайян ва фарзҳои мушаххас дорад, ки фарди мусулмон бояд онҳоро дар назар дошта бошад ва риоя кунад. Шустани пойҳо дар таҳорат ба мисли шустани дасту рӯ фарз буда, бидуни он намоз саҳеҳ намешавад. Аз назари фиқҳӣ масҳ кашидан дар колготка дуруст нест, зеро шартҳои масҳ дар он вуҷуд надорад. То вақте ки муҳити фаъолият барои шумо озод буда ва шумо ихтиёр дошта бошед, набояд ибодати худро тарк намоед, дар ѓайри ин сурат намози худро то охири вақти он ба таъхир гузоред. Чунки шариат барои касе, ки имкони рост истода намоз гузориданро надорад, дастур додааст, ки нишаста онро бигузорад ва агар ин ҳам муяссар нашавад, онро ба таъхир гузорад. Яъне адои ибодатҳо мутобиқ ва мувофиқи тавони инсон мебошад, Худованд касеро зиёда аз тавонаш мукаллаф намекунад.

2016-12-01
4203
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25