Савол № 00719

Дар вақти таҳорат ҳангоми шустани ҳар узв чӣ дуоро бояд хонд?

Савол:

Дар вақти таҳорат ҳангоми шустани ҳар узв чӣ дуоро бояд хонд?

Саволдиҳанда:Шаҳриёр.

Ҷавоб:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дуоҳое, ки дар аснои шустани аъзои вузӯ хонда мешаванд, ба шарҳи зайланд:

Дар вақти шустани ҳар ду даст мегӯяд: Бисмиллоҳил-Алиййил-Азим вал-ҳамду лиллоҳи ало динил-Ислом. Чун об дар даҳон кунад, бигӯяд: Аллоҳумма аъиннӣ ало зикрика ва шукрика ва ҳусни ибодатика ва тиловати китобика. Чун об дар бинӣ кунад, бигӯяд: Аллоҳумма ариҳнӣ роиҳатал-ҷаннати варзуқнӣ мин наъимиҳо. Чун рӯй бишӯяд, дар оби аввал бигӯяд: Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу. Дар оби дувум бигӯяд: Аллоҳумма баййиз ваҷҳӣ бинури маърифатика явма табяззу вуҷуҳу авлиёика ва ло тусаввид ваҷҳӣ явма тасвадду вуҷуҳу аъдоика. Чун дасти рост бишӯяд, бигӯяд: Аллоҳумма аътинӣ китобӣ бияминӣ ва ҳосибнӣ ҳисобан ясиро. Чун дасти чап бишӯяд, бигӯяд: Аллоҳумма ло туътинӣ китобӣ бишимолӣ ва ло мин варои заҳрӣ ва ло туҳосибнӣ ҳисобан асиран ва ло туъаззибнӣ азобан нукро. Чун масҳи сар кашад, бигӯяд: Аллоҳумма ғашшинӣ бираҳматика ва анзил алаййа мин баракотика ва азлилнӣ таҳта аршика явма ло зилла илло зиллу аршика. Чун масҳи гӯш кашад, бигӯяд: Аллоҳуммаҷъалнӣ миналлазина ястамиъӯнал-қавла фаяттабиъӯна аҳсанаҳу. Чун масҳи гардан кашад, бигӯяд: Аллоҳумма аътиқ рақабатӣ ва рақабата обоӣ ва уммаҳотӣ ва аҳли байтӣ минан-нор. Чун пойи рост бишгӯяд, бигӯяд: Аллоҳумма саббит қадамаййа алас-сироти явма тазиллу фиҳил-ақдом. Чун пойи чап бишӯяд, бигӯяд: Аллоҳуммаҷъал саъйӣ машкуран ва занбӣ мағфуран ва амалӣ мақбулан ва тиҷоратӣ лан табуро. Пас аз фориғ шудан аз вузӯ ин дуоро мехонад: Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу. Аллоҳуммаҷъалнӣ минат-таввобин ваҷъалнӣ минал-мутатаҳҳирин. Дуоҳои мазкур дар китобҳои “Эҳёул-улум” ва “Кимиёи саодат” ворид шудаанд.

2016-12-15
4329
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:57
Пешин12:40
Аср17:23
Шом19:22
Хуфтан20:53