Савол № 00722

Ман дар муҳоҷират ҳастам. Дарвақти таҳорат кардан пойҳоямро аз болои носкӣ масҳ мекашаму намозамро адо мекунам. Оё ин амали ман дуруст аст ё на?

Савол:

Ассалому алайкум. Ман дар муҳоҷират ҳастам. Дарвақти таҳорат кардан пойҳоямро аз болои носкӣ масҳ мекашаму намозамро адо мекунам. Оё ин амали ман дуруст аст ё на?

Саволдиҳанда:Маҳмадюсуф.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи мазҳаби Имоми Аъзам  (р) масҳ кашидан дар болои масҳие ҷоиз аст, ки аз чарм бошад ва буҷулаки пойро пӯшонад. Аммо масҳ кашидан дар болои ҷӯроб ба шарте дуруст аст, ки ғафс ва мустаҳкам буда, бо он ҳудуди 3-4 км пиёда рафтан мумкин бошад. Дар ҷӯробҳое, ки дорои чунин сифат набошанд, масҳ кашидан дар онҳо дуруст нест. “Таълими Ислом”, с. 55-56.

2016-12-16
3971
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48