Савол № 00796

Оё якпаҳлу ё дар ҷойгаҳи хоб дароз кашида ва ё дар вақти тамошои телевизион тасбеҳ гардонидан дуруст аст ё не?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ. Оё якпаҳлу ё дар ҷойгаҳи хоб дароз кашида ва ё дар вақти тамошои телевизион тасбеҳ гардонидан дуруст аст ё не?

Саволдиҳанда: Давлат.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, дар тамоми ҳолат зикри Худо дуруст аст, фарқ надорад, ки инсон ба паҳлу бошад ё ба пушт, чунончи дар Қуръони карим Худованд мефармояд: “Ононе, ки Худоро бар пой истода ва нишаста ва ба паҳлӯи хеш хуфта ёд мекунанд ва дар офариниши осмонҳову замин тааммул мекунанд (мегӯянд): «Эй Парвардигори мо, инро беҳуда наофаридаӣ, покӣ Турост, пас, моро аз азоби оташ нигаҳ дор”. (Сураи “Оли Имрон”, ояти 191). Албатта дар ҳолати тамошои телевизион зикр мамнӯъ нест, лекин набояд барномаҳои номашруъро тамошо кунад, чунки дар айни гуноҳ зикр кардан мамнӯъ аст.

2017-01-14
3064
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:09
Пешин12:40
Аср17:18
Шом19:16
Хуфтан20:47