Савол № 00799

Шукри Худо ману ҳамсарам фарзанд дорем ва алҳол ӯ панҷмоҳа аст. Акнун ҳамсарам боз ҳомила аст. Оё аз рӯи шариати Ислом ба ин тифли панҷмоҳа шир доданаш ҷоиз аст ё ин ки исқоти ҳамл кунад? Тифли дар батнбуда чандмоҳа бошад, ки ба ин тифли панҷмоҳа шир додан мумкин нест?

Савол:

Ассалому алайкум домуллои муҳтарам. Шукри Худо ману ҳамсарам фарзанд дорем ва алҳол ӯ панҷмоҳа аст. Акнун ҳамсарам боз ҳомила аст. Оё аз рӯи шариати Ислом ба ин тифли панҷмоҳа шир доданаш ҷоиз аст ё ин ки исқоти ҳамл кунад? Тифли дар батнбуда чандмоҳа бошад, ки ба ин тифли панҷмоҳа шир додан мумкин нест?

Саволдиҳанда: Диловар.

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, шир додани кӯдак дар ҳолати ҳомила будани зан ҳеҷ боке надорад, то дувунимсолагии кӯдак шир додани ӯ ҷоиз аст, вале пештар имкони ҷудо кардан бошад, дуруст аст. Исқоти ҳамл бидуни зарурат дуруст нест, зеро фарзанд неъмати Худованд аст ва бояд шукри онро ба ҷо овард. Шукргузории неъмати фарзанд ҳифз ва тарбияти ӯст. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 55)

2017-01-17
3470
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48