Савол № 00878

Домуллои муҳтарам, лутфан гӯед, ки дастро дар намоз на зери ноф, балки аз болои он доштан дуруст аст ё на? Инро бисёре аз салафиҳо анҷом медиҳанд.

Савол:

Домуллои муҳтарам, лутфан гӯед, ки дастро дар намоз на зери ноф, балки аз болои он доштан дуруст аст ё на? Инро бисёре аз салафиҳо анҷом медиҳанд. Бо ҳадисҳо ҷавоб диҳед. Дар баҳсе бо онҳо дармондаам.

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, аввал ин ки ин амали равияи мамнуъшудаи салафия дар кишварамон мебошад, ману шумо вақте ки бо онҳо рӯ ба рӯ шудем, бояд ба идораҳои дахлдор хабар диҳем, на ин ки бо онҳо баҳсу мунозира кунем, чунки суханони онҳо ҷуз фитна ангехтан дар миёни мардум чизи дигаре нест. Ногуфта намонад, ки аз дидгоҳи фиқҳи мазҳаби ҳанафӣ дастҳо дар намоз бояд дар зери ноф гузошта шаванд. Ин амал бо ҳадисҳои набавӣ ва бо амали саҳобагон ва бузургони дин собит шудааст. Дар ин ҷо бархе аз он аҳодисро зикр мекунем:  Аз Воил ибни Ҳуҷр (р) ривоят аст, ки фармуд: «Пайғамбар (с)-ро дидам, ки дасти росташро болои дасти чапаш дар намоз дар зери ноф мегузоштанд». (Ривояти Ибни Абӯшайба) Аз ҳазрати Алӣ (р) низ ривоят аст, ки чунин фармуд: «Гузоштани каф болои каф дар намоз зери ноф аз суннат аст». (Ривояти Абӯдовуд) Мутобиқи усули муҳаддисин агар саҳобӣ ба амале суннатро итлоқ намояд, гуфтаи ӯ ҳукми ҳадиси марфуъро дорад. Бинобар ин, аз нигоҳи Имом Абӯҳанифа (р) гузоштани дастҳо дар зери ноф беҳтар ва роҷеҳтар мебошад.

2017-02-16
3427
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:07
Пешин12:40
Аср17:19
Шом19:17
Хуфтан20:48