Савол № 00879

Мард агар бо занаш ҷанҷол кунад, занаш гӯяд, ки “хонаи модарам меравам”, пас мард гӯяд, ки “агар аз дар баромадӣ рафтӣ, се талоқ, ҷавобатро додаам”, вале зан равад, ҷавобаш чист?

Савол:

Ассалому алайкум. Мард агар бо занаш ҷанҷол кунад, занаш гӯяд, ки “хонаи модарам меравам”, пас мард гӯяд, ки “агар аз дар баромадӣ рафтӣ, се талоқ, ҷавобатро додаам”, вале зан равад, ҷавобаш чист?

Саволдиҳанда: Давлат

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, ин навъи талоқро талоқи муаллақ ба шарт мегӯянд. Аз дидгоҳи фиқҳи ҳанафӣ агар ин зан ба нияти рафтан ба хонаи модараш аз он дар барояд, се талоқ мешавад. Агар пас аз гуфтани ин лафз зан ба хонаи модараш нарафта бошад, пас барои ҳалли ин сурати масъала онҳо бояд аз Раёсати фатвои Маркази исломӣ маслиҳат пурсанд. Чунки зиндагии инҳо дар хатар аст ва мутахассисон онҳоро роҳнамоӣ хоҳанд кард. 

2017-02-16
3705
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:57
Пешин12:40
Аср17:23
Шом19:22
Хуфтан20:53