Савол № 00883

Оё рӯҳи гузаштагон моро дида ва шунида метавонанд?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Оё рӯҳи гузаштагон моро дида ва шунида метавонанд? Қаблан ташаккури зиёд!

Саволдиҳанда: Абдулҳамид

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Бародари азиз, Абдуллоҳ ибни Аббос (р) дар тафсири ояти 42-уми сураи “Зумар” чунин мефармояд: “Ба ман хабар расидааст, ки арвоҳи зиндагон ва мурдагон дар хоб мулоқот мекунанд, баъд аз ин Худованд рӯҳҳои мурдагонро нигоҳ медорад ва рӯҳҳои зиндагонро ба ҷасадҳояшон бозпас мефиристад”.  Рӯҳҳои мӯъминон аз масофаи як шабонарӯз бо ҳам рӯ ба рӯ мешаванд ва ҳамдигарро мешиносанд. (“Муснад”-и Имом Аҳмад, ҷ. 2, с. 175)

2017-02-16
3098
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:10
Пешин12:40
Аср17:17
Шом19:15
Хуфтан20:46