Савол № 00885

Дар бораи намози қаср маълумоти муфассал диҳед. Масофа чӣ қадар бояд бошад?

Савол:

Ассалому алайкум. Дар бораи намози қаср маълумоти муфассал диҳед. Масофа чӣ қадар бояд бошад? Бо далел ҷавоб диҳед. Худованд Шуморо ҳифз кунад.

Саволдиҳанда: Шукридин

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи мазҳаби ҳанафӣ масофаи қаср хондани намоз се марҳала аст, ки ба ҳисоби имрӯза 120 км мешавад. Агар шахсе ин масофаро тай кардан хоҳад, мусофир ба шумор меравад ва дар ин ҳолат намозҳои чаҳорракъатии фарзро ду ракъат мегузорад, вале суннатҳоро пурра мехонад. Намози шомро низ пурра мехонад, зеро намози серакъатӣ қаср надорад. Агар шахси мусофир дар шаҳр ва деҳае, ки меравад, ба муддати 15 рӯз нияти иқомат кунад, дигар ҳукми мусофириро надорад ва намозҳояшро комил адо менамояд. Агар нияти иқомат накунад ва ба сабаби тамом нашудани кораш имрӯз ё фардо гуфта моҳҳо ҳам бимонад, ҳукми мусофирро дорад. Агар мусофир ба ватани аслии худ баргардад, аз ҳукми мусофирӣ хориҷ мешавад ва намозҳояшро комил адо мекунад.

2017-02-17
9315
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:57
Пешин12:40
Аср17:23
Шом19:22
Хуфтан20:53