Савол № 00913

Ман 10 ҳазор доллар доштам, бародарам барои харидани хона боз 5 ҳазор доллар кумак кард.Оё аз пулҳое, ки дорам, закот медиҳам ё на?

Савол:

Ассалому алайкум. Ду суол дорам: 1. Ман 10 ҳазор доллар доштам, бародарам барои харидани хона боз 5 ҳазор доллар кумак кард. Бояд камтари дигар ҷамъ кунам ва хона бихарам. Алҳол хона надорам ва бо оилаам дар хонаи иҷора зиндагӣ дорам. Алҳамду лиллоҳ кор мекунам ва 3300 сомонӣ  маош мегирам. Оё аз пулҳое, ки дорам, закот медиҳам ё на? 2. Агар барои бачаам ақиқа кунам, тӯйи хатна мекунам ё на? Ба ҳамин масъала равшанӣ андозед.

Саволдиҳанда Маликғайрат

 

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, закот яке аз рукнҳои асосии Ислом аст, фарди мусулмон вазифадор аст, ки баъд аз соҳиби нисоб шудан ва як сол аз он гузаштан то харидани хона аз молаш закот пардозад. (“Мухтасарул-виқоя”, с. 30-32) 2. Ҳукми ақиқа дар мазҳаби ҳанафӣ мустаҳаб ва хатна кардан суннат аст, вале тӯйи он суннат нест, барои ҳамин ақиқа ҷойгузини тӯйи хатна мешавад. Бо вуҷуди ин, агар касе шароит барои тӯйи хатна дошта бошад ва онро анҷом диҳад, боке надорад. (“Хулосатул-масоил”, ч. 1, с. 150; “Нафъул-муфтӣ”, с. 51)

2017-02-28
949
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:54
Пешин13:00
Аср15:10
Шом17:11
Хуфтан18:41