Савол № 00951

Оё нишон додани хонаи бинак (фолбин) дар Ислом гуноҳ аст ё на? Чунки аз ман чанд бор се-чор нафар пурсиданд, ба онҳо хонаашро нишон додам.

Савол:

Оё нишон додани хонаи бинак (фолбин) дар Ислом гуноҳ аст ё на? Чунки аз ман чанд бор се-чор нафар пурсиданд, ба онҳо хонаашро нишон додам. Оё бо ин корам ман гунаҳгорам? Ба ин мавзӯъ равшанӣ андозед.

Саволдиҳанда: Абдуллоҳ

Ҷавоб:

Ассалому алайкум. Бародари азиз, албатта пеши бинак ва фолбин рафтан гуноҳи кабира мебошад ва касоне, ки мардумро ба хонаи ӯ роҳнамоӣ мекунанд, онҳо низ гунаҳгор мешаванд. Чунонки Худованд дар Қуръони карим мефармояд: “Ва бар некӯкорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар мадад кунед ва бар гуноҳу ситам бо якдигар мадад макунед” (“Моида”; 2) Албатта шумо ин корро аз рӯи нодонӣ кардаед, омурзиш бихоҳед, иншоаллоҳ Худованд мебахшад. Марди муъмин чун касеро дид, ки хонаи бинак ё фолбин меравад, бояд ба ӯ бигӯяд, ки касе илми ғайбро ба ҷуз Худованди мутаъол намедонад, кушояндаи мушкилҳо ва равокунандаи ҳоҷатҳо танҳо Худованд асту бас. Худованд ба шумо тавфиқи аъмоли хайр насиб гардонад. 

2017-03-13
4593
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:12
Пешин12:40
Аср17:16
Шом19:14
Хуфтан20:45