Савол № 00959

Дар бораи дарҳои биҳишт ва дӯзах пурра маълумот диҳед.

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. 1. Дар бораи дарҳои биҳишт ва дӯзах пурра маълумот диҳед. 2. Номи Шоҳҳусайн дар Ислом чӣ маъно дорад? 3. Дар бораи Ҳусайн каме маълумот медодед. Аллоҳ аз ҳамаамон розӣ бошад.

Саволдиҳанда: Шоҳҳусайн 

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. 1. Бародари азиз, тибқи фармудаи Қуръони карим дӯзах ҳафт дар дорад. Чунонки Худованд мефармояд: “Онро ҳафт дар аст, барои ҳар даре аз гумроҳон ҳиссае ҷудо карда шудааст”. (“Ҳиҷр”, 44) Аммо адади дарҳои ҷаннат дар оятҳои қуръонӣ сароҳатан зикр нашудааст, балки шумори онҳо дар ҳадисҳои саҳеҳ ворид гардидааст. Чунонки аз Саҳл ибни Саъд ривоят аст, ки Расули акрам (с) фармуданд: “Дар ҷаннат ҳашт дар аст, ки яке аз ин дарҳо “Райён” ном дорад, аз ин дар фақат рӯзадорон ворид мешаванд”. (Ривояти Бухорӣ ва Муслим) Ҳамчунин дар ҳадиси дигаре Расули Худо фармуданд: “Касе аз шумо ба таври комил вузӯ кунад ва сипас “Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу” бигӯяд, дарҳои ҳаштгонаи биҳишт барояш кушода мегардад, аз ҳар даре мехоҳад, ворид шавад”. (Ривояти Муслим ва Тирмизӣ)

2. Номи Шоҳҳусайн аз ду ҷузъ – шоҳ ва Ҳусайн иборат аст. Шоҳ калимаи тоҷикӣ буда, ба маънои подшоҳ ва султон аст, Ҳусайн бошад, калимаи арабӣ ва шакли тасғир (хурдшуда)-и Ҳасан аст ва ба маънои зебоча ва хушрӯяк мебошад. Дар фарҳанги номгузории мо чунин маъмул аст, ки пеш аз ном калимаи “шоҳ”-ро низ меафзоянд, то ки соҳиби ин ном ҳамчун подшоҳ соҳиби обрӯ ва ҷойгоҳи воло гардад. Имом Ҳусайн (р) набера ва гули хушбӯи Расули акрам (с), писари дувуми ҳазрати Алӣ (р) ва Фотима (р) мебошад, ки дар панҷуми моҳи Шаъбони соли чоруми ҳиҷрӣ дар Мадина ба дунё омада, дар даҳуми моҳи Муҳаррами соли 61-уми ҳиҷрӣ дар Карбало шаҳид шудааст. Дар фазилати ӯ ҳадисҳои зиёде аз Расули Худо (с) нақл шудааст. Анас (р) мегӯяд, ки Ҳусайн (р) беш аз ҳама ба Расули Худо (с) шабоҳат дошт ва мӯйҳояш бо гиёҳи васма хизоб (ранг) шуда буд. Расули Худо (с) дар ҳадисе фармудаанд: “Ҳасан ва Ҳусайн гулҳои хушбӯйи ман дар дунё ҳастанд” (Ривояти Бухорӣ)

2017-03-15
5606
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:53
Пешин12:40
Аср17:25
Шом19:24
Хуфтан20:55