Асосӣ Хабарҳо Баргузории мизи мудаввар дар Китобхонаи миллӣ

Баргузории мизи мудаввар дар Китобхонаи миллӣ

Баргузории мизи мудаввар дар Китобхонаи миллӣ
2016-03-12
5251

Рӯзи 2-юми марти соли 2016 дар Китобхонаи миллии шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи "Сабабу омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ" бо иштироки васеъи пешвоёни дин, олимон, имомхатибон, мударрисони Донишкадаи исломӣ ва намояндагони Кумитаи кор бо  ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ Раиси Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода баромад намуда, қайд намуданд, ки мутаассифона вақтҳои охир дар ҷумҳурӣ равияҳои тундгаро ва ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ аз қабили ҷараёни мамнуъшудаи "Салафия", "Ҳизб-ут-Таҳрир", "Ансоруллоҳ", "Ҳаракати Исломии Узбекистон" ва ғайраҳо фаъолияти пинҳонӣ намуда, бештар ҷавонони бефарҳангу аз  мазҳаби ҳанафӣ дурбударо ба доми худ кашида истодаанд. Аз ин хотир, барои пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон моро имрӯз зарур аст, ки даст ба дасти якдигар дода, яккамазҳабиро дар ҷомеа тақвият бахшем ва ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пайравӣ аз мазҳаби поки ҳанафӣ роҳнамоӣ кунем.

Раиси Маркази исломӣ илова намуданд, ки аъзои Шӯрои уламо ва имомхатибони масоҷиди кишвар омода ҳастанд, ки тамоми нерӯ ва донишу малакаи худро баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ равона намуда, барои покизагии мазҳаб саъйу талоши худро дареғ намедоранд.

Дар хотимаи мизи мудаввар аз ҷониби иштирокчиён ба хотири баланд бардоштани арзишҳои неки мазҳаби ҳанафӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва баланд бардоштани маърифатнокии ҷомеа, риояи намозгузорӣ ва иҷрои дигар маросимҳои динӣ мутобиқи мазҳаби ҳанафӣ, пешгирӣ аз бегонапарастию тафриқаандозӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таъсиси гурӯҳҳои фаъоли корӣ дар масҷидҳо, гумроҳ эълон кардани нафароне, ки ба гурӯҳҳои ҷангиёни ифротӣ шомил гардида, ба кишварҳои ҷангзада ба мисли Сурия, Ироқ, Афғонистон ва ғайра мераванд,  муроҷиатнома қабул гардид.



 

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:57
Пешин12:40
Аср17:23
Шом19:22
Хуфтан20:53
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар