Асосӣ Хабарҳо НАВИДИ ГУВОРО ВА ПУРТАЪСИР

НАВИДИ ГУВОРО ВА ПУРТАЪСИР

НАВИДИ ГУВОРО ВА ПУРТАЪСИР
2016-10-14
4868

НАВИДИ ГУВОРО ВА ПУРТАЪСИР

Чанд рӯзе қабл навиди гуворое дар фазои иттилоотии олам паҳн гардид, ки тибқи он Пажӯҳишгоҳи исломии Уммон номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ва қаҳрамони Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейро оид ба гурзпартоӣ Дилшод Назаровро ба феҳрасти «500 мусулмони таъсиргузор барои соли 2017» шомил кардааст.

Мувофиқи ин иттилоъ, Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бахши сиёсӣ ва Саидмукаррам Абдулқодирзода дар бахши идораи умури дин вориди феҳраст шудаанд. Дилшод Назаров дар радифи  мусалмононе мақом гирифтааст, ки дар Олимпиадаи Рио-2016 ба медали тилло даст ёфтаанд.

Албатта, дар ин феҳрасти бонуфуз, ки чеҳрашиносӣ аз симоҳои намоёни сиёсат, дин ва варзиш мекунад, ҷо гирифтани се намояндаи Тоҷикистон дар шахси раҳбари аввали он Эмомалӣ Раҳмон, сарвари умури динияи он Саидмукаррам Абдуқодирзода ва яке аз шахсиятҳое, ки номи кишварро дар варзиш вирди забони оламиён кардааст, Дилшод Назаров барои хурду бузурги Тоҷикистон навиди хеле гуворост. Бад-ин восита обрӯ ва мақоми Тоҷикистон ҳамчун давлате муаррифӣ мегардад, ки на фақат дар сиёсати дохилӣ ба даствардҳои назаррас ноил гаштааст, балки дар арсаи байналмилалӣ низ ҷойгоҳи сазвор пайдо намудааст.

  Дар сархати намояндагони Тоҷикистон мақом гирифтани Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон таҷассуми расмии он воқеиятест, ки кайҳо сурати амал ёфтааст. Хомӯш кардани ҷанги таҳмилии солҳои 90-ум, дар як муддати кутоҳ ҷорӣ намудани сиёсате, ки иқтисоди мамлакатро эҳё намуд, барҳам додани оқибатҳои падидаҳое, ки ба вайрон намудани иттиҳоду ҳамбастагии кишвар ва мардуми он нигаронида шуда буданд, ба вуҷуд овардани фазои сулҳу салоҳ ва шароит барои зиндагӣ ва фаъолияти осоиштаи мардум, табдил додани Тоҷикистон аз як кишвари ниҳоят қафомонда ба давлати рӯ ба тараққӣ, бо суръати зиёд рушд додани соҳаҳои илму маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар корномаҳо ба ном ва фаъолияти созандаи Эмомалӣ Раҳмон пайванд аст, ки онҳоро на танҳо дар дохили мамлакат, балки дар беруни он низ эътироф мекунанд.

Ин заҳматҳо ва талошҳои Президенти мамлакат чунин натиҷа додааст, ки имрӯз мардум зиндагии осуда доранд ва ба ояндаи нек умед меварзанд. Дар сурати чунин пешрафт Тоҷикистон дар як муддати начандон зиёд метавонад дар сафи мамолике ҷо бигирад, ки мардумонаш некуаҳволии хубе доранд.

Дар соҳаи дин низ Тоҷикистон вазъи муътадил дорад, ки дар ин бахши муҳим заҳмати садри хадамоти динияи он Саидмукаррами Абдуқодир чашмгир аст. Фазои дину диндории мардум озод ва ҳеҷ гуна монеаҳо миёни ҷомеаҳои динии кишвар, миёни намояндагони мазоҳиби дигар ва динҳои мухталиф ба мушоҳида намерасад. Ҳамагуна масъалаҳои вобаста ба эътиқодоти динӣ ва ҳуқуқи динии мардум аз тариқи қонунгузорӣ, проблемаҳои дохилимазҳабӣ тавассути Шӯрои уламо ҳаллу фасл мегарданд.

Аҳолии мусалмон бидуни мушкилот ибодатҳои хешро ба ҷо меоранд ва шароит барои анҷом додани ҳуқуқҳои эътиқодӣ муҳайё шудааст. Аз ин нуқтаи назар, яъне аз ҷиҳати диндорӣ Тоҷикистон ҳамчун як кишвари амну осоиш шинохта шудааст. Фаъолиятҳои тарѓиботӣ барои пешгирӣ намудани ҳодисоти шомилшавии ҷавонони ноогоҳ ба гурӯҳҳои ифротӣ хеле бомаром анҷом дода мешавад ва самараи нек медиҳанд.

Дар ин рӯйхат ҷо гирифтани номи Дилшод Назаров бошад, самараи он аст, ки дар Тоҷикистон баробари илму маориф соҳаи варзиш низ авлавият дорад. Муваффақияти Дилшод Назаров дар Бозиҳои олимпии Рио-2016 номи Тоҷикистонро ба сатҳи кишварҳое баровард, ки ҳамакнун дар ҳар як Бозиҳои олимпӣ аз он ҳамчун давлати дар варзиши олимпӣ муваффақ ва ҷоизадор ёд карда мешавад.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ва қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Дилшод Назаровро бо чунин эътирофи баланд дар сатҳи байналмилалӣ самимона муборакбод мекунем. Таманно мекунем, ки дар феҳрастҳои оянда миқдори чунин шахсиятҳои барҷаста ба маротиб бештар шомил карда шаванд.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар