Асосӣ Хабарҳо Кӯмаки навбатии Маркази исломӣ ба мактабинтернат

Кӯмаки навбатии Маркази исломӣ ба мактабинтернат

Кӯмаки навбатии Маркази исломӣ ба мактабинтернат
2017-03-18
4462

Яке аз тавсияҳо ва дастуроти дини мубини Ислом расонидани хайру эҳсон ба мардуми ниёзманд ва камбизоат мебошад. Паёмбари Худо (с) ҳамеша ятимон ва бечорагонро дӯст медоштанд ва сарҳои онҳоро сила намуда, меҳрубонӣ менамуданд. Дар ҳадисе он Ҳазрат (с) мефармоянд: «Кафил ва ё шахсе, ки ятимонро дастгирӣ менамояд, фардо рӯзи қиёмат ҳамроҳии ман якҷоя мебошад».

Роҳбарияти Маркази исломӣ дар партави дастуроти Пешвои миллат доир ба расонидани дасти кумак ба ятимону бепарасторон рӯзи 18-уми марти соли 2017 аз Гимназия-парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ дидан намуданд ва ба муносибати истиқболи иди баҳор – Наврӯзи хуҷастапай ба бошандагони ин хонаинтернат кумаки хайрия иборат аз маводи хӯрока - орд, равған, шаккар, маҳсулоти полезӣ ва шириниҳо тақдим намуданд. Аҳли хонаинтернат аз ин амали хайрхоҳонаи роҳбарияти Маркази исломӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ намуда, шукронаи онро намуданд, ки дар кишвари ободу осуда зиндагӣ ба сар мебаранд.

Қобили зикр аст, ки дастгирӣ намудани ятимону бечорагон амалест, ки тамоми инсоният онро меписандад ва анҷомдиҳандаи он дар ин дунё ва дар охират аз ҷумлаи растагорон ба шумор меравад. Оре, шоду масрур кардани дили хастае боиси хушнудии Худованд аст. Чунонки Шайх Саъдӣ мефармояд:

Ҳар ки хандонад ятими хастаро,

Бозёбад ҷаннати дарбастаро.

Роҳбарияти Маркази исломӣ мақсад дорад, ки дар оянда низ ба табақаи ниёзманди ҷомеа чунин амалҳои хайрхоҳонаро анҷом диҳад.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:09
Пешин12:40
Аср17:18
Шом19:16
Хуфтан20:47
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар