Асосӣ Хабарҳо Баёнияи иштирокчиёни конфронси ҷумҳуриявӣ дар партави "Соли ҷавонон" дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар ҷомеа ва роҳҳои пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ»

Баёнияи иштирокчиёни конфронси ҷумҳуриявӣ дар партави "Соли ҷавонон" дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар ҷомеа ва роҳҳои пешгирии онҳо аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ»

Баёнияи иштирокчиёни конфронси ҷумҳуриявӣ дар партави
2017-04-18
1509

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон, дуруду салавот бар Паёмбари акрам (с) ва бар хонадону ёрони ӯ.

Мардуми иззатманди Тоҷикистон тӯли солҳои ваҳдату истиқлол шаҳди зиндагии шоистаи инсониро бо фазли Парвардигор ва аз баракати сулҳу фаъолияти бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб чашидаву дарк кардаанд ва дар ҳеҷ вазъияту ҳолат тафриқаву ихтилоф ва ноамнию бесуботиро намехоҳанд. Ба ягон фарди оқил ва муъмини воқеӣ вазъи Афѓонистон ва Сурияву Ироқ, Яман ки натиҷаи нотифоқиву номуттаҳидии мардум аст, писанд нахоҳад буд.

Дини мубини Ислом ва хоссатан мазҳаби ҳанафии он сулҳу суботи ҷомеаро беҳтарин арзиши исломӣ эътироф мекунад, ки барои ҳар фарди мусалмон комилан фаҳмову равшан аст. Имрӯз бо фазли Парвардигор ва шарофати заҳмати шабонарӯзӣ ва ҷоннисориҳои Пешвои миллат ва қадршиносиву назму низоми фаъолонаи мардуми шарафманди кишвар мо ба рӯзгори осудаву ҳаёти шоиста расидаем. Дар ҳар кунҷу канори мамлакат ободкориҳо идома доранд, рӯз то рӯз зиндагӣ ранги тоза ва шукӯҳу шаҳомати дигар мегирад.

Мавриди зикр аст, ки масъалаи ҷавонон ҳамеша дар мадди назари давлат ва сиёсати иҷтимоии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва эълон шудани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон бори дигар аз муҳиммияти ин масъала ва идомаи ҳамон сиёсати инсонпарваронаи Сарвари давлат ва Ҳукумат шаҳодат медиҳад, ки баъди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон оѓоз шуда буд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат (аз 22-юми  декабри соли 2016) ҳини эълони Соли ҷавонон ба татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон ишора намуда, таъкид карданд, ки «ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд».

Дар партави ин Паёми Пешвои миллат Маркази исломии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди масъули дину диндорӣ ба масъалаи хеле муҳим ва доѓи рӯз, яъне пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҳифзи арзишҳои мазҳабӣ, инчунин масъалаи таълиму тарбияи ҷавонону наврасон, дар ниҳоди ҷавонон парвариш додани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва тафаккури инсондӯстонаву ватанхоҳона, муомилаи неку шарафмандона ба арзишҳои динӣ, миллӣ ва фарҳангӣ, хоссатан ба арзишҳое, ки ба ташаккули инсони мутафаккир ва огоҳ аз хубу бади олам мусоидат мекунанд, бо таваҷҷуҳ аз масъулияти дини мубини ислом дар орому осуда нигаҳ доштани ватан ва ҷамъияти он саҳми арзишманде дорад.

Вобаста ба масъалаҳои матраҳшуда, аъзои Шӯрои уламо, рӯҳониёни хайрхоҳи кишвар, сархатибон ва иштирокчиёни конфронси ҷумҳуриявӣ ба ҳамаи ҷавонони кишварамон муроҷиат намуда, умед доранд, ки ҷавонон бо дарки масъулият назди миллату давлат барои пешгирӣ аз шомилшавии ҳамсолонашон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ ҷидду ҷаҳд менамоянд ва дар татбиқи ормону идеалҳои неки миллату давлат ва Пешвои миллат саҳми худро мегузоранд.

Имрӯз аз ҳарвақта бештар ҷавонон бояд ба арзишҳои мазҳаби ҳанафӣ ва миллию ватандорӣ такя карда, сабабу омилҳои бадбахтии мардуми ҷангзада ва ноороми кишварҳоеро дар мадди назар дошта бошанд, ки бино ба сабаби таъсири омилҳои беруна ба ин ҳоли гарон афтидаанд. Аз ин рӯ, дармони ҳама дардҳои иҷтимоӣ ва маънавӣ, беҳтарин роҳи расидан ба хадафҳои олӣ маҳз омӯзиши илму одобу ахлоқу фарҳанг ва ташаккул додани ҷахонбинии инсондӯстона аст.

Иштирокдорони конфронс ба он эътимод доранд, ки дар масъалаи ҷавонон ва ба ҳадафҳои бузурги созандагиву ободкорӣ, ба сӯи ояндаи неки ҷомеа ва давлат водор намудани ҷавонон, дар ниҳоди онҳо парвариш додани ахлоқи ҳамида, аҳамият ба мазҳаб, муҳаббат ба хонавода, ба миллат ва ватан ҳама ниҳодҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, оила, мактаб ва муассисаҳои олии таҳсилотӣ бо ҳисси баланди масъулият муносибат хоҳанд кард.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:40
Пешин13:00
Аср16:30
Шом18:28
Хуфтан19:58
Суханронии Президент
Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Муфассалтар