Асосӣ Хабарҳо ДАР ҲОШИЯИ МАҚОЛАИ ҚАМАР НУРУЛҲАҚОВ - “ШИАГАРОӢ: ИДЕОЛОГИЯ ВА АМАЛИЯИ ОН”

ДАР ҲОШИЯИ МАҚОЛАИ ҚАМАР НУРУЛҲАҚОВ - “ШИАГАРОӢ: ИДЕОЛОГИЯ ВА АМАЛИЯИ ОН”

ДАР ҲОШИЯИ МАҚОЛАИ ҚАМАР НУРУЛҲАҚОВ - “ШИАГАРОӢ: ИДЕОЛОГИЯ ВА АМАЛИЯИ ОН”
2017-10-25
3188

Вақте ки ба робитаҳои ҳамкории Тоҷикистону Эрон дар даврони истиқлол назар мекунем, пай бурдан душвор нест,ки зимнан Эрон хостори густариши мазҳаби шиа дар қаламрави Тоҷикистон аст ва бад-ин васила мехоҳад мамалакате,ки аслан тамоман  дорои мазҳаби дигар аст, зери тасарруфи худ нигаҳ дорад. Таърих гувоҳ аст, ки ҳанӯз аз замони ҷанги шаҳрвандӣ Эрон маҳз бо ҳамин ғараз ба майдони баҳсу талош ворид шуд ва ҳамешагӣ аз онҳое пуштибонӣ мекард,ки онҳо узви ташкилоти экстремистиву террористии (ТЭТ) “ҲНИТ” буданд...

Ҷои баҳс нест, ки дар ташкили ин ҳизб ва густариши он таъсири Эрон намудор аст ва пуштибонии ашхоси алоҳида аз ин ҳизб барои Эрон суннати дерина дорад. Бубинед,ки ҳатто баъди эъломи манъи фаъолияти ТЭТ “ҲНИТ”  дар Тоҷикистон Эрон раҳбари ин ҳизбро ҳамчун шахси расмӣ дар ҳамоиши байналмилалӣ ба ҳузур пазируфт ва мавқеи кишвареро,ки бо Эрон  дӯстии беғаразона дорад, сарфи назар намуд. Аслан ин хатогии бузурге буд, ки ҲНИТ, ҳизбе, ки ташкилоти терористӣ эълон шуд, барои Эрон чун дӯст ва ҳамкор пазируфта гардид. Маҳз ҳамин ҳолат чеҳраи аслии ин кишварро барои мардуми тоҷик ошно кард. Бозиҳои мазҳабии Эрон мо мардуми суннимазҳаби тоҷикро водор мекунад,ки амиқтару аниқтар андеша намоем, зеро он ҳаргиз оқибати нек ба бор намеорад ва метавонад вартаи ҳалокати миллатро эҷод намояд. Зеро дар Тоҷикистон 97% аҳли мазҳаби ҳанафӣ ҳастанд ва он суннати бобогии мост ва рахна дар мазҳаб рахна дар дин ва ақидаи динист. Ҳамкории ин ду кишвар бояд содиқона дар заминаи адабиёт ва фарҳанги муштарак бошад ва манфиатҳои мазҳабӣ бояд сарфи газар гардад. Зеро Тоҷикистон нав аз таъсири манфии ҷараён ва ҳизбҳои ба ном “динӣ” ҳамчун “Ҳизби таҳрир”, “Ансоруллоҳ”, “Ҷамъияти таблиғ”, “Ҳаракати исломии Туркистон”, “Ҷундуллоҳ” “Ҷараёни Салафия”халос хӯрда истодааст ва таъсири як мазҳаби дигар ба ҷомеаи ороми Тоҷикистон ба фоидаи фардои миллат нест.   

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода,

Сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ш. Хуҷанд

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар