Асосӣ Хабарҳо Дар ҳошияи мақолаи “ШИАГАРОӢ: ИДЕОЛОГИЯ ВА АМАЛИЯИ ОН”

Дар ҳошияи мақолаи “ШИАГАРОӢ: ИДЕОЛОГИЯ ВА АМАЛИЯИ ОН”

Дар ҳошияи мақолаи  “ШИАГАРОӢ: ИДЕОЛОГИЯ ВА АМАЛИЯИ ОН”
2017-11-03
168

Мақолаи «Шиагароӣ: идеология ва амалияи он», ки ба қалами номзади улуми фалсафӣ, исломшиноси варзида Қамар Нурулҳақов тааллуқ дорад, муҳимтарин ҷанбаҳои густариши фирқаи шиа ва вижагиҳои таъсири онро бархилофи эътиқодоти воқеии мусалмонони дигар мазоҳиб ба кишварҳои гуногуни оламошкор ва таҳқиқ кардааст.

Муаллиф қайд менамояд, ки “Беҳуда нест, ки қисмати зиёди зиёиёни эронӣ баъди инқилоби исломӣ ба кишварҳои Ғарбу ИМА муҳоҷират карданд. Ба таври дигар гӯем, исломисозии ҷомеаи Эрон боиси коҳиш ёфтани захираҳои зеҳнии мардуми Эрон гардид. Худо накунаду агар «инқилоби исломӣ»-и ҲНИТ дар Тоҷикистон ғалаба мекард, ҳамин фалокат ба сари миллати тоҷик низ меомад. Ҳол он ки «инқилоби наҳзатӣ»-и Тоҷикистон бо вуҷуди ғалаба накарданаш ба ҳаёти иқтисодию маънавии Тоҷикистон ҳисороти зиёдро ворид сохт, ки ҳукумати Тоҷикистон то имрӯз дар роҳи ислоҳи он шарбати талхи онро мечашад”.

Албатта ин таҳлилу баҳодиҳии Нурулҳаққов комилан дуруст аст, чунки “инқилоби исломӣ”-и Эрон ва ТЭТ ҳНИТ танҳо бӯи шиагароӣ дораду халос. Дуруст аст, ки агар «инқилоби исломӣ»-и ҲНИТ дар Тоҷикистон ғалаба мекард, оқибаташ ба ҳама маълум буд. Мақсаду мароми ин ҳизб танҳо хароб кардани Ватан ва  миллати тоҷикро ғуломи хоҷагонаш кардан буду халос.

ҷои дигар муаллиф дуруст қайд намудааст, киДар зери таъсири як қатор омилҳои берунӣ, аз ҷумла «инқилоби исломӣ» ва сиёсати демократикунонию ошкорбаёнии горбачёвӣ ниҳоят моҳи феврали соли 1990 дар Душанбе намоишу гирдиҳамоиҳое барпо шуданд, ки ТЭТ ҲНИТ пешсаф, роҳбар ва ҳидояткунандаи ин тазоҳуротҳо буд. Ин ҷунбишҳо хусусияти зиддиҳукуматӣ доштанд ва дар зери шиорҳои исломӣ баргузор мешуданд, дар онҳо даъвои бунёди «давлати исломӣ» садо медоданд, ки бевосита аз «инқилоби исломӣ»-и Эрон сарчашма мегирифтанд”.

ҳаводиси ду соли ахири Тоҷикистон низ гувоҳӣ аз он дод, ки ҳама даъвоҳо ва шиорҳои дӯстию ҳамдинии Эрон танҳо ба хотири густариши мазҳаб будааст. Тақлиди кӯркӯронаи наҳзатиҳо аз сохтори шиа ва сиёсати мазҳабии Эрон, ба хотири дарёфти кумак ташкили чанд маросимҳои мазҳабии шиа, тарроҳӣ намудани нақшаи табаддулот тибқи фармудаҳо ва дархостҳои хоҷагонашон буд. Аммо ба гӯшаи хотири ягон мафкурапардози ин ҳизб наомад, ки чӣ гуна дар кишваре, ки 97-98 дарсадаш таърихан ҳанафӣ  мебошанд, ба чӣ дастур метавон асосҳои як мазҳаби ба ихтилофу зӯроварию кинаву кудурат олударо ҷорӣ кард? Нахустин машқҳои ҷорӣ намудани ин мазҳаб ҳамоно ташкил намудани маросими Ошӯро буд, ки аз ҷониби наҳзатиҳо ошкоро дастгирӣ мешуданд. ҳол он ки то ин замон дар ҳавзаи ҳанафимазҳаби Мовароуннаҳр, аз ҷумла дар ҳудуди Тоҷикистон баргузор намудани маросими Ошӯро вуҷуд надошт ва ҳамчун рӯзи мотам пешвоз гирифта намешуд. Паҳн кардани ин маросими бегона ба мазҳаби ҳанафӣ ва вазъи диндории аҳли ҷомеаи Тоҷикистон бисёр хатарзо буд. Бинобар ин, мардуми тоҷик набояд имконият диҳанд, ки бозингарони паси пардагӣ аз хушимонии мо истифода намуда, моро бозичаи дасти худ гардонанд.

Дар ниҳояти умум, мо ба ин ақидаем, ки муносибатҳои дӯстиву рафоқат ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон ислоҳ меёбад ва ба сурати аввал бармегардад, агар ин ҳамкориҳо бидуни ғаразу тамаъ, поку озода мисли он забону фарҳанге бошад, ки миёни мардумони мо муштарак аст.  

 

Иҷрокунандаи Сардори Раёсати

фатвои Маркази исломӣ

Хоӯшов ҷамолиддин.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:53
Пешин13:00
Аср15:09
Шом17:10
Хуфтан18:40
Суханронии Президент
Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Муфассалтар