Асосӣ Хабарҳо ДАР ҲОШИЯИ МАҚОЛАИ “АСРОРИ ВАФОДОРИИ ҲНИТ БА ТЕРРОРИЗМ”

ДАР ҲОШИЯИ МАҚОЛАИ “АСРОРИ ВАФОДОРИИ ҲНИТ БА ТЕРРОРИЗМ”

ДАР ҲОШИЯИ МАҚОЛАИ   “АСРОРИ ВАФОДОРИИ ҲНИТ БА ТЕРРОРИЗМ”
2017-11-11
3625

Дар замони фаъолияти расмияш дар Тоҷикистон Ташкилоти экстремистиву террористии ҲНИТ ҳамеша дунболи манфиатҳои инфиродиву гурӯҳӣ буда, ҳоло маълум мешавад, ки бо мақсади расидан ба ин ҳадафҳо роҳбарони ТЭТ ҲИНТ ҳатто ҳаққи мазлуму бечора ва бенавою ятимонро ҳам мехӯрдаанд.

Ин нуктаҳо дар мақолае, ки рӯзномаи “ИМРӮЗ нюз” интишор додааст, ифодаи худро ёфтаанд. Воқеан барои нафаре, ки заррае аз ислому мусулмонӣ бохабар аст, ин амалкарди роҳбарияти ҲНИТ нанг ва хислати пасти инсонӣ дониста мешавад.

Муаллифи ин мақола узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Сорбон Саидаҳмад дар мақола зикр мекунад: “То замоне, ки ТЭТ ҲНИТ фаъолияти расмӣ дошт, ҳама гуна воридаҳои пулию молиро аз ин ташкилотҳо ё кишварҳои алоҳида зери пӯшиши кумаку грант дарёфт мекарданд. Масалан, дар доираи кумак ба оилаҳои камбизоат, ки тавассути як ташкилоти хориҷӣ расонида мешуд, ҳамасола на камтар аз 70 дарсади кумакҳоро маҳз ТЭТ ҲНИТ ва аъзою пайравонаш дарёфт мекарданд”.

Магар роҳбарияти ТЭТ ҲНИТ бехабар аз он буданд, ки мувофиқи фармудаҳои шариати исломӣ хӯрдани ҳаққи ятиму бенаво ва муҳтоҷу бекас ҲАРОМ аст?

Бо гузашти вақт ҳоло собит мешавад, дар ҳоле ки роҳбарону пайравони ТЭТ ҲНИТ сухан аз ИСЛОМ мегуфтанду ҳамаи кору кирдори худро дар доираи талаботи ислом медонистанд, худ аслан мувофиқи он амал намекарданд. Ба қавли маъруфи Хоҷа Ҳофиз:

Воизон к-ин ҷилва дар меҳробу минбар мекунанд,

Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд...

Ҳамчунин ба қавли муаллифи мақола феҳристи кумакгирандагон тавассути Зарафо Раҳмонӣ шахсан бо раиси  ТЭТ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ мувофиқа кардам мешудааст. Ва барои гирифтани ин кумакҳо нафари ниёзманд ба кумак бояд то 300 сомонӣ ба буҷаи ТЭТ ҲИНТ мемепардохтааст. Ҷои нигаронӣ ин аст, ки барои дастрас кардани чунин маблағҳо аз ташкилотҳои гуногун ҲНИТ дар сатри “мақсади дарёфти кумак” менавиштааст, ки баъзе аз манотиқи Тоҷикистон аз назари Ҳукумат дур мондаанд ва мо бояд ба онҳо кумак кунем.

Ҳоло дилхоҳ хонанда бо хондани ин сатрҳо хулосаи худро мебарорад, ки то куҷо ин дасисаҳои Кабирию ҳамроҳонаш аз назари ҷомеа пинҳон мондааст. Дар ҳоле ки Пешвои муаззами миллат дар ҳамаи сафарҳои худ ҳатто ба дурдасттарин шаҳру ноҳияҳои кишвар сухан аз дастгирии ятимону барҷомондагон ва қишри ниёзманди аҳолӣ сухан мегӯянд, аммо Кабирӣ ҳамоно ин ҳамаро нодида мегирад ва бо расонидани хабарҳои дуруӯғин ба ташкилотҳои гуногун аз паси манфиати худу ҳамроҳонаш аст. Дар ин робита ояти қуръоние аст, ки зирки онро дар ин ҷо ҷоиз медонам. Худованд дар сураи Ҳуҷурот мефармояд:

“Эй мӯъминон, агар фосиқе хабареро пеши шумо биёрад, пас, таҳқиқ кунед, мабодо ба нодонӣ қавмеро зарар расонед, пас, аз он чи амал кардаед, пушаймон шавед!”.

Неъматов Ҷамонулло,

сархатиби ноҳияи Рӯдакӣ.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар