Асосӣ Хабарҳо ХИЁНАТ ҒАЗАБИ ХУДО АСТ

ХИЁНАТ ҒАЗАБИ ХУДО АСТ

ХИЁНАТ ҒАЗАБИ ХУДО АСТ
2017-11-15
807

Бе ҳеҷ тардид хиёнат ба ватан ва миллат нобахшиданист ва инсоне,ки нисбати диёру миллати худ, зодбуму маҳалли зисташ беэҳтиромӣ мекунад, наметавон ӯро аз бани башар ҳисоб кард. Инсоне, ки ба намакдони хонадони худаш носипосӣ мекунад,то куҷо ӯ метавонад ба диёри дигар вафодор монад? Дар зиндагӣ танҳо касе метавонад соҳиби иззат ва эътибор бошад, агар ба Ватани хеш дар ҳар шароиту ҳолат вафодор монад. 

         Шукри Худо ва шукронаи тинҷию оромии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии одилонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо дар фазои амну амон саодатмандона ҳаёт ба сар мебарем, ватанамон рӯз аз рӯз обод мегардад ва ношукриву носипосӣ дар ин маврид камоли беинсофиву беадолатӣ хоҳад буд.

         Ин аст, ки инсон дар ниҳоди худ бояд ченаки адлу инсофи фардии хешро дошта бошад. Худ ба худ инсон суол диҳад, ки аз он ки ту санги маломат бар касе мезанӣ, худ чи хидматеро дар назди ин миллат адо кардаӣ? Ҳамеша инсон бояд бо мафкураи солим ва аќлоният кор кунад ва илло инсонҳое, ки дар давоми умр даст ба фитна, ҷиноят ва маъсият мезананд, дили нопок доранд, рӯзе ошкор мешаванд ва асли онҳоро мардум мешиносанд ва баҳо медиҳанд ва симои нопоки онҳо байни мардум зоҳир мешавад. Махсусан бузургтарин ҷиноят дар назди худову бандагонаш ин санг андохтан аз беруни кишвар ба хонадони хеш, ки он ҷо хуни нофат рехтааст. Худро зодаи он макон донистан вале маломат боридан бар сари диёри хеш.

         Баъди хондани “Достони хиёнати миллию мазҳаби”-и Довуд Исматӣ оид ба хиёнатҳои Юнуси Истаравшанӣ- узви собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки ҳамчун як ходими дин хостам фикри худро баён кунам, зеро ин кирдорҳои Сайидюнус ҳеҷ касро бетараф гузошта наметавонад, дар ин ҳолат бетарафӣ бешарафӣ аст. Дар ин мақола кирдорҳои узви Ҳизби экстремистӣ-террористӣ наҳзати хиёнаткор аз ҷониби муаллиф фош карда шудааст ва асли ин инсони каҷрафторро баён кардааст.

        Ин ҷо як суоле пайдо мешавад, ки Сайидюнус аслан чи мехоҳад ва аз ин амалҳои хиёнаткоронааш ба чи ноил мешавад? Албатта ба ҳеҷ. Вале ниҳоди нопоки ӯ намегузорад, ки ӯ ором бошад. Фитна асоси зиндагии ӯст.

         Банда вақте ки бо мардум ва хусусан бо сокинони шаҳри Истаравшан ҳамсӯҳбат мешавам онҳо аз кирдорҳои хиёнаткоронаи ҳамшаҳрии худ хиҷолат мекашанд. Номаи кушоди мардуми Истаравшан ба сафири ҶИ Эрон бо номи “Ба номи Истаравшан иснод наоред!”, ки асли ин фарди иғвоангезро боз мекунад, гувоҳи гуфтаи мост.

         Аз номи дин истифода карда ғаразњои сиёсиро пиёда кардани Сайидюнус, ки оқибати бад дорад, афроди паноҳдиҳандагонашро низ бетараф набояд гузорад. Яъне инсоне, ки ба Ватанаш хиёнат кард, магар ба дигарон вафо мекунад? Зеро он коре, ки нањзатиён дар хориҷи кишвар карда истодаанд, (аз ҷумла Сайидюнус) ин хиёнат ба Ватан, миллат ва мазҳаби худ мебошад.

         Ин сӯистифода аз дин, хиёнат ба миллати худ, итоати хоҷагони хориҷӣ, барангехтани низоъ ҳамааш барои дигар кардани сохти давлатдорӣ дар ватани мо, нобуд кардани фарҳанг, мазҳаб ва дар  охир  ноором кардану аз байн бурдани миллати тоҷик мебошад.

         Ман ҳамчун як ходими дин чандин маротиба дар ҷодаи аҳзоби динӣ фикри худро баён намудаам ва имрӯз низ мегӯям: фарзандони нохалаф мехоҳанд ба тинҷию оромии Тоҷикистон халале ворид кунанд, аммо онҳо дар назди мардуми тинҷу ором ҳеҷ ҳастанд, бо ҳасаду буғзу адовати худ дар беватанӣ ба нобудӣ мерасанд ва сиёсикунонии ислом ба зарари  дини мо, мазҳаби мо, миллату халқи мо мебошад.

         Мо бояд шукронаи давлату давлатдории тоҷикона, ободию озодии ин айёмро кунем, нагузорем, ки аз байни мардуми мо нохалафон пайдо шаванд.

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода

Сархатиби масҷиди ҷомеъи

марказии ш. Хуҷанд номзади улуми суханшиносӣ

 

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:54
Пешин13:00
Аср15:10
Шом17:11
Хуфтан18:41
Суханронии Президент
Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Муфассалтар