Асосӣ Хабарҳо “Ихтилофоти мазҳабӣ – сарчашмаи нобасомониҳо”

“Ихтилофоти мазҳабӣ – сарчашмаи нобасомониҳо”

“Ихтилофоти мазҳабӣ – сарчашмаи нобасомониҳо”
2017-12-02
147

Дини мубини Ислом мардумро ба ваҳдату иттифоқ даъват карда, тафриқаву низоъро мазаммат менамояд ва онро иллати кинаву адоват ва заъфу пойбандии мусулмонон ва дигарон мешуморад.

                                                              Эмомалӣ Раҳмон

      Яке аз омилҳои асосие, ки ҷомиаи башариро ноором сохта, кишварҳо ва миллатҳоро аз байн мебарад, ихтилофоти мазҳабӣ мебошад.

      Манбаъ ва сарчашмаҳои таърихӣ, олимону муҳаққиқон овардаанд, ки аксари мардуми мусулмон дар тӯли таърих қурбони кашмокашиҳои мазҳабӣ гардидаанд.

Дар кишвари азизи мо низ баъд аз гузашти солҳо ин падидаи номатлуб ва тафриқаангез аз замони ба вуҷуд омадани ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба вуқуъ пайваст. Миллати сарҷамъ, муттафиқ ва осоиштаро ба майдони кашмакашиҳои мазҳабӣ кашида, коре карданд, ки хуни чандин ҳазор нафарҳо рехта шавад. Роҳбарон ва аъзоёни фаъоли ТЭТ ҲНИТ дар ибтидои фаъолияташон мардумро ба равияи ваҳобият даъват мекарданд, аммо аз ин тариқ ба мақсади нопоки худ нарасиданд, нақша ва хостаҳои хоҷагони бурунмарзиии худро анҷом дода натавонистанд. Аз ин лиҳоз, масири даъвати худро тағйир дода, дар зоҳир худро "ҳанафӣ", вале дар асл мардуми кишварамонро ба мазҳаби шиаи 12-имома мехонданд.

        Аксари мардум дар андешаи он буданд, ки ин вабои аср ва фитнаҳо аз куҷо ва аз кадом кишвар ба сарзамини тинҷ ва ороми мо омадааст. Чуноне ки бузургон мегуянд: “Таърих гувоҳ ва вақт довар аст”.

        Даст задани аъзоёни ТЭТ ҲНИТ ба амалҳои ноҷавонмардона ва табаддулоти давлатӣ, чеҳраи воқеии онҳо ва хоҷагони асосияшонро ифшо намуд. Замоне, ки фаъолияти ҲНИТ аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун ҳаракати терористӣ маҳкум гардид, ҷониби Эрон раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабириро дар ҳамоиши бонуфузе, ки дар кишвараш баргузор гардид, ҳамчун дӯст ва ҳампаймони самимии худ пазируфт.

        Ин амалкарди сарони Эрон дар ҳоле сурат гирифт, ки онҳо Тоҷикистонро ҳамчун кишвари бародар ва миллати тоҷикро ҳам чун миллати ҳамдин, ҳамзабон, ҳамфарҳанг медонистанд.

         Имрӯз мардуми тоҷик баъд аз истиқлолияти кишвар ва тибқи ҳидоятҳои Пешвои миллат, он ҷомеае нестанд, ки қабл аз истиқлол буданд. Имрӯз миллати сарбаланди тоҷик, сиёҳро аз сафед, ҳақро аз ботил фарқ мекунанд. Акнун донистаанд, ки он иддаои бародарӣ ва равобити ҳасанае, ки аз ҷониби Эрон шунида мешуд, дар сухан будааст, на дар амал.

        Дар ҳақиқат сиёсати пешгирифтаи Сарвари кишвар, Пешвои миллат - сиёсати дарҳои боз аст, ба тамоми кишварҳои олам, ки бо дилу дасти пок ва ниятҳои нек иқдоми ҳамкорӣ мекунанд. Хуб мешуд, ки ҷониби Эрон ҳам бо тағйири афкор ва андешаҳои қаблияш ва дахолат накардан ба эътиқодоти динӣ ва мазҳабии миллати тоҷик, ҳамчун як кишвари созанда, на сӯзанда, балки хайрхоҳ робита мекарданд. Зеро миллати тоҷик асрҳост, ки пайравии мазҳаби муътадил ва сулҳпарвари ҳанафӣ мебошад. Ворисони ҳақиқии Имоми Аъзам буданро исбот намуданд ва ҷашни 1310 солагии Имоми бузургворро таҷлил карданд, ки ин худ устуворӣ ва пайравони бо вафо будани миллати тоҷикро ба мазҳаби ҳанафӣ нишон медиҳад.

 

Бобозода А.К. 

Имомхатиби масҷиди ҷомеи "Ҳазрати Алӣ",

Ҷ/Д  Мирзо Турсунзода, ш. Ҳисор.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:54
Пешин13:00
Аср15:09
Шом17:10
Хуфтан18:40
Суханронии Президент
Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Муфассалтар