Асосӣ Хабарҳо Сафари Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия

Сафари Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия

Сафари Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия
2017-12-16
4004

Рӯзи 14-уми декабр Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода ҷиҳати анҷоми мулоқот ва вохӯриҳо бо муҳоҷирони тоҷик ва дигар масъалаҳои муҳим ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуд. Дар рӯзи нахустини сафари худ ба Русия Саидмукаррам Абдуқодирзода дар масҷиди “Хиёбони МИР” бо муҳоҷирони тоҷик, ки  дар Русия кору фаъолият менамоянд, мулоқот анҷом дод.

Рӯзи 15-уми декабр дар шаҳри Москва Саидмукаррам Абдуқодирзода бо муфтии мусулмонони Русия Равил Гайниддин мулоқот намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо аз сатҳи кунунии муносибатҳои дӯстонаи миёни Тоҷикистону Русия ва ҳамкориҳои байни Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ва Идораи мусулмонони Русия изҳори қаноатмандӣ намуда, барои рушди ҳамкориҳои минбаъда ҳавасмандии худро баён доштанд.

Ҳар ду ҷониб бо дарназардошти вазъи кунунии ҷаҳони муосир таҳияи созишномаи дуҷониба оид ба муборизаи муштарак бо ҷараёну ҳаракатҳои экстремистию террористиро ба мақсад мувофиқ арзёбӣ намуданд.

Дар рӯзҳои оянда низ Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бо муҳоҷирони тоҷики дигар манотиқи Русия мулоқот ва вохӯриҳо анҷом хоҳад дод.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:57
Пешин12:40
Аср17:23
Шом19:22
Хуфтан20:53
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар