Асосӣ Хабарҳо ҚИЁМИДДИНИ ҒОЗӢ – “ГЕНЕРАЛИ” АЗ ГЕНЕРАЛИ ВОҚЕӢ ФАРСАХҲО ДУР

ҚИЁМИДДИНИ ҒОЗӢ – “ГЕНЕРАЛИ” АЗ ГЕНЕРАЛИ ВОҚЕӢ ФАРСАХҲО ДУР

ҚИЁМИДДИНИ ҒОЗӢ – “ГЕНЕРАЛИ” АЗ ГЕНЕРАЛИ ВОҚЕӢ ФАРСАХҲО ДУР
2017-12-27
669

Ахиран номи Қиёмиддини Ғозиро дар хабарҳои расонаҳо хондам ва солҳои хунини навадум боз хаёлам омад. Саҳнаи майдони Шаҳидон, ки мардуми фирефташуда ҷамъ омада буданд ва ба суханҳои бисёр пуртаъсири баромадкунандагон  гӯш медоданд. Байни онҳо Қиёмиддини Ғозӣ ҳам бо тамоми маҳорати хитоба мардумро ба фитнаву тафриқа ва нооромиҳо даъват менамуд ва кор то ба он ҷое рафта буд, ки  ӯро бо номи «генерали мардумӣ» муаррифӣ менамуданд. Ман аз он тааҷҷуб менамоям, ки ин шахсони аз дину мазҳаб бохабар ва аз таълимоти ислом бархӯрдор, ки худро байни мардум эшону мулло мегӯянд, чаро одамонро ба таълимоти исломи пок даъват накарданд? Охир онҳо  медонистанд, ки оятҳои Қуръони карим ба ҷангу қатлу куштори одамон даъват накардааст ва алалхусус мардуми мусулмонро. Онҳо медонистанд, ки дини мубини Ислом дини сулҳу салом аст, дини оромиву осоиштагист. Пас, онҳо мақсадҳои дигар доштанд ва  барои расидан ба ин мақсадҳояшон аз ҳама гуна ҳилаю найрангҳо  истифода бурданд. Агар мақсади онҳо ҷанг набошад, чаро мардум Эшони Қиёмиддинро  бо ному рутбаи ҳарбӣ номгузорӣ намуда, ӯро «генерал» номиданд. “Генерале”, ки ҳарфу амалаш аз генералҳои воқеии фидоии Ватану миллат фарсахҳо дур.

Илова бар ин маълум гардид, ки ҳамаи ин корҳо бо маблағҳои Эрон дастгирӣ шуда будааст ва алоқаҳои саркардагони ҷанги бародаркуш бо ин кишварро он ҳам тасдиқ менамояд, ки дар он солҳо аксарияти роҳбарони мухолифин  дар он ҷо  сарпаноҳ ёфтанд. Имрӯз мо бояд аз ин дарсҳои таърих панди ҳаётро гирем ва барои ояндаи миллату давлатамон дилсӯзона меҳнату фаъолият барем ва алалхусус ҷавононро ба роҳи рост ҳидоят намоем.

Ибодулло Калонзода,

имомхатиби масҷиди ҷомеи «Нури ислом»-и ш.Хуҷанд

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:06
Пешин13:00
Аср17:12
Шом19:13
Хуфтан20:43
Суханронии Президент
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Муфассалтар