Асосӣ Хабарҳо Дурӯғ шоистаи муъмин нест!

Дурӯғ шоистаи муъмин нест!

Дурӯғ шоистаи муъмин нест!
2018-01-17
405

Хабари «Муфтӣ ё домулло Ҳикматуллоҳ? Баҳси имоматӣ дар намози ҷанозаи эшони Абдуқуддус»-ро хонда ба ҳайрат афтодам, ки чаро мо ҳоло ҳам аз буҳтону дурӯғгӯӣ даст намекашем. Ман худ дар ин ҷаноза аз аввал то охираш ширкат доштам ва бо тамоми масъулият изҳор менамоям, ки хабари дар сомонаи «Akhbor.com» пахшшуда ягон асоси воқеъӣ надоранд, балки як хабари дурӯғу фитнаангез асту бас.  Дар он ҷаноза ғайр аз ман қариб зиёда аз 3 ҳазор ҷанозахон буд, ки ҳақиқати ин хабарро онҳо низ хубтар медонанд.

Ҷаноза дар соати 1015 баргузор гардид, ҳол он ки мувофиқи эълони қаблӣ ҷаноза бояд дар соати 1000 баргузор мешуд. Банда дар намози ҷаноза дар сафи дуюм қарор доштам ва ҳамаи хабарҳои дар ҷаноза шударо бо гӯши худам шунидам, ягон хел баҳс барои пеш даромадан вуҷуд надошт.

Раиси Шӯрои уламо аз эшони Абдулбасир, ки муовини якуми Раиси Шӯрои уламо ва бародари марҳум Эшони Абдуқуддус ҳастанд, таклиф намуданд, то ки ҷанозаи бародарашонро хонад, лекин он кас қабул накарданд. Баъдан Раиси Шӯрои уламо худашон ҷанозаро хонданд.

Дар ин ҷаноза Домулло Ҳикматулло ҳузур надоштанд, балки тибқи гуфтаи шоҳидон қариб якуним соат пас аз баргузоршавии ҷаноза он кас ба хонаи марҳум эшони Абдуқуддус расиданд.

Дар мавриди нуфуз ва эътибори илмии Раиси Шӯрои уламо, ман бо эътимоди комил мегӯям, ки он кас донандаи улуми шаръӣ ва мутахассиси Қуръон ва таҷвид буда, савт ва таҷвиди зебо ва воло доранд ва солҳост, ки ҳамчун муаллими калон дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба шогирдон дарс мегӯянд. Барои ҳамагон маълум аст, ки Раиси Шӯрои уламо аз хонадони бонуфуз ва боэҳтироми кишвар, яъне фарзанди яке аз рӯҳониёни шинохтаи кишвар марҳум Махдуми Абдулқодир мебошад, ки ҳама аҳли илм ба дониш ва фазлу тақвои ӯ эътироф доранд. Падаркалонҳояшон марҳум Домулло Абдурраҳим ва марҳум Домулло Саъдулло низ хатмкардагони мадрасаҳои Бухоро буданд ва ин хонадон асрҳо боз дар дини Ислом хидмат кардаанд.

Дар мавриди банди 6.4-уми дастурамали «Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ман ҳамчун шоҳиди воқеа бояд гӯям, ки аслан Раиси Шӯрои уламо банди мазкурро чанд бор хат зада буданд, вале аз сабаби он ки тартибу низом дар ҷомеа ва ҷамъият аз назари шариат ва қонунҳои давлатдорӣ амри зарур аст, ҳайати кории тартибдиҳандаи дастурамал, ки аъзои Шӯрои уламо низ шомили он буданд, ин бандро бо пофишорӣ ҷой доданд. Вагарна Раиси Шӯрои уламо худ шахси  хоксоранд ва ҳаргиз иддиои пеш даромадан ва имомат кардан дар маросими ҷанозаро надоранд.

          Мавриди тазаккур аст, ки дар ин рӯз аз сабаби сардии ҳаво ва анбӯҳи зиёди одамон баъзеҳо пешниҳод намуда буданд, ки ҷаноза аз соати эълонгардида пештар хонда шавад, вале Раиси Шӯрои уламо ба ин розӣ нашуданд ва гуфтанд, ки эълони ҷаноза соати 10:00 аст ва мо бояд онро риоя кунем, то ин ки мардум аз ҷаноза намонанд ва мардумро ба сабру таҳаммул даъват мекарданд.

Абдулвоҳид Ҳомидов,

устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:33
Пешин13:00
Аср16:11
Шом18:13
Хуфтан19:43
Суханронии Президент
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Табрикоти Раёсати Шӯрои уламо ба муносибати иди саиди Қурбон

Муфассалтар