Асосӣ Хабарҳо Мулоқоти Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикисон бо Раиси Маркази байналмилалии Давҳа оид ба муколамаи динҳо

Мулоқоти Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикисон бо Раиси Маркази байналмилалии Давҳа оид ба муколамаи динҳо

Мулоқоти Раиси Шӯрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикисон бо Раиси Маркази байналмилалии Давҳа оид ба муколамаи динҳо
2018-01-31
3528

27-уми январи соли 2018 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар мулоқоти Раиси Шӯрои  уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бо Раиси Маркази байналмилалии Давҳа оид ба муколамаи динҳо доктор Иброҳим Солеҳ ал-Наъимӣ баргузор шуд. Дар мулоқот ҳамчунин Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода ширкат варзид.

 Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои рушди ҳамкориҳо дар самти мубориза бо ифротгароӣ ва ғояҳои иртиҷоӣ, инчунин ташкил намудани чорабиниҳои муштараки илмию маърифатӣ оид ба мавзуъҳои ҳамзистии адён ва нақши арзишҳои динию фарҳангӣ дар пешрафти ҷомеа баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо роҷеъ ба фаъолиятҳои даҳшатангезу вайронгаронаи аҳзобу ҳаракатҳое, ки аз номи поки Ислом сӯистифода мекунанд ва суботу амнияти ҷомеаро ба хатар меандозанд, табодули назари судманд анҷом доданд.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:01
Пешин12:40
Аср17:21
Шом19:20
Хуфтан20:51
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар