Асосӣ Хабарҳо Ҳарза ҷойи андешаро намегирад

Ҳарза ҷойи андешаро намегирад

Ҳарза ҷойи андешаро намегирад
2018-02-07
3347

Як хислати муҳимми одамиро бузургон дар андешаи солим дида, баҳо додаанд. Андешаву фикри солим дар мағзи солим тавлид меёбад. Агар як манбаи боэътимоди андеша тани сиҳат бошад, дигараш, албатта, дониш ва саввуминаш – таҷрибаи рўзгор аст. Хуш ба ҳоли он нафаре, ки аз ин се сарчашмаи саодати инсонӣ баҳра мебардорад.

Мутаассифона, бархе инсонҳо ин се манбаи мулоҳизоти дурустро на фақат ба эътибор намегиранд, балки ҳамвора аз равзанаи ҷаҳонбинии пурғараз ва пур аз кину адоват ба олами берун назар мекунанд. Ба ҳодисоту воқеаҳо чунон баҳо медиҳанд, ки гўиё танҳо онҳо ҳақ буда, дигарон, агарчи аксарияти куллро ташкил диҳанд ҳам, гўиё ноҳақ ва нослим сухан мегуфта бошанд. Барои онҳое, ки воқеиятро аз равзанаи фикри хом баҳогузорӣ мекунанд, фарқе надорад, ки ҳақиқат дар кадом мавқеъ қарор дорад, фарқи ҳақ аз ботил, дурўғ аз рост дар чист…

Ин муқаддима, албатта, нишонии мушаххасе дорад. Дар сомонаи ҳизби террористиву экстремистӣ эълоншудаи ҳНИТ мусоҳибаи яке аз аъзои раёсати он – Муҳаммадсаид Ризоӣ бо унвони «Террорист сарони калидии кишвар ҳастанд» нашр шудааст, ки ба ягон чорчўбаи ростиву дурустӣ, ҳақиқату воқеият, адолату хирад намеғунҷад. Онро ба ҷуз фитнаангезӣ, кўшиши рост баровардани амалҳои зишти ҳНИТ-и манъшуда дар хориҷа, фаъолияти гўиё «бомаром ва бонизом»-и аъзои раёсати он дар хориҷа чизи дигаре гуфтан нашояд.

Чанд саҳифа иборат аз сафедкуниҳои аъзои ин ташкилоти ифротгаро, «ҳуҷум»-и навбатии лафзӣ ба ҳукумати кишвар ва раёсати он… Хуллас, боз ҳамон чеҳранамоиҳои дурўғину маккоронаи навбатии ин аъзои ҳизб, ки дар хориҷи кишвар ба ҷуз иғво ангехтан ва мафкураи мардумро бо найрангҳои нав ба нав вайрон намудан кори дигаре надоранд. Саропо сухан аз он меравад, ки гўиё аъзои раёсати ин созмони террористиву экстремистӣ дар хориҷа даъвоҳои худро оид ба кишвари пуршиканҷа ва ғайриозод будани Тоҷикистон дар созмонҳои байналмилал ба исбот мерасонанд. Боз ҳамон гапҳои куҳнаву обшуста, ки наҳзат ба терроризм гўиё алоқае надорад ва ҳамвора дар андешаи бахту саодати индунёӣ ва ондунёии мардуми Тоҷикистон аст…

Дар ин мусоҳибаи саропо фаҳш як далеле ба мушоҳила расид, ки қобили тафаккур аст. Ба суоли мухбир, ки чаро ҳомиёни ҳизб, дастандаркорони наҳзат ба иқдомҳои ҳукумати Тоҷикистон вокунише нишон намедиҳанд, Муҳаммадсаид Ризоӣ посух додааст, ки раёсати ҳизб шарт намеҳисобад, ки ба ҳар иқдоме ҷавоб диҳад. Суоли мантиқӣ мехезад, ки чаро? Посухи онро ёфтан мушкил надорад, чунки ҷавоби дуруст намеёбанд, чунки дигар ягон далел надоранд, ки ақаллан симои худро назди муштариёнашон сафед нишон дода бошанд. Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон хеле хуб дарёфтаанд, ки нуқсу иллати солҳо тўл кашидани ҷанги шаҳрвандӣ ва ниҳоят рў ба табаддулот овардани наҳзатиён дар чӣ буд, ҳадаф чӣ буд ва ғайраву ҳоказо…

Ба андешаи мо, ҳар андешаи носолим қобили ҷавобгўист. Аз он ки наҳзатиён ҳоло дар хориҷа тухми нифоқ миёни ҷомеаи аврупоӣ мекоранд, самараи нек нахоҳад дод. ҳоло замона дигар, ҷаҳонбиниҳо дигар ва вазъи ҷаҳони муосир ва меъёрҳои баҳо ба ҳодисоти айём куллан тағйир ёфтааст. ғарбиён хуб медонанд, ки Тоҷикистон дар ҳоли пешрафт қарор дорад, зиндагии мардум тинҷу осуда ва рўзгори одамон рў ба беҳбудиҳо овардааст. Ба чӣ ҳадафе онҳо ба корҳои дохилии Тоҷикистон бино ба даъвоҳои бесарунўг ва бемантиқи наҳзатиён мудохила карда метавонанд? Ин гуна ҳадаф нест, чунки умури давлатдорӣ дар самти маълум – осудагии рўзгори мардум ва таъмини зиндагии шоиста пеш рафта истодааст.

Аслан, мулоҳизаҳое, ки Муҳаммадсаид Ризоӣ дар ин мусоҳибааш баён кардааст, сазовори посух гуфтан ҳам нест. Сухани рост дар дил менишинад, сухани ботилу дурўғ чун боди баҳорӣ гузарон аст, чун шабнаме ҳаст, ки бо баромадани офтоб зуд нопадид мешавад. Коҳи куҳнаро бод кардан, бо кизбу сиёҳкуниҳо афкори мардумро ба вуҷуд овардан ҳоло ғайриимкон шудааст. Инро бояд онҳое фаромўш накунанд, ки бо ҳар баҳонае наҳзатро сафед карданӣ мешаванд….

 

Раёсати Маркази исломи

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар