Асосӣ Хабарҳо Ташаббуси олиҷаноб оиди рушди касбу ҳунар.

Ташаббуси олиҷаноб оиди рушди касбу ҳунар.

Ташаббуси олиҷаноб оиди  рушди касбу ҳунар.
2018-02-21
4533

Дар ҳунар кӯш ки зар чизе нест,

Ки гуҳар пеши ҳунар чизе нест

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паёми навбатии худ як ташаббусеро роҳандозӣ мекунанд, ки он ба рӯзгори мардум таъсири нек мерасонад ва дар рушди ин ё он соҳаи ҳаёти одамон нақши нек мемонад.

         Ҳар як пешниҳоди Ҷаноби Олӣ ҳадафмандона ва ба манфиати халқу мамлакат мебошад ва самари нек ба бор меорад. Хусусан соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон кардан маънии онро дорад, ки дар Тоҷикистони азизи мо имкониятҳои фаровоне ҳаст, ки ин ду соҳа рушд намояд ва ба нафъи мардуми Тоҷикистон ба кор ояд. Ин ду самт ниҳоят ба ҳам иртиботи қавӣ доранд ва дар натиҷаи рушди яке аз он дигаре низ пеш меравад. Гузашта аз ин эълон шудани соли 2018-ро “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мардумро водор мекунад, ки бештар ба касбу ҳунар таваҷҷуҳи зиёд карда рӯзгори худро обод кунанд ва  дар ин масир рушди  ҳунарҳои халқӣ метавонад бо ифтихори миллӣ, ватандӯстию ватандорӣ мусоидат намояд.

         Аз қадимулайём мардуми мо дар ҳунармандӣ, косибӣ, урфу одати беҳтарин, дину диёнат ва одобу ахлоқӣ накӯ ибрати дигарон буданд ва бо меҳнати ҳалол монанди мисгарӣ, заргарӣ, атласу адрасбофӣ, гилембофӣ, оҳангарӣ, кордсозӣ, кулолгарӣ ва ғайра шуҳрати ҷаҳонӣ доштанд, ҳатто муаррихи фаронсавӣ Густо мегӯяд: “Ҳамеша машриқзамин маркази мардони донишманд ва бузургони санъат ва уламои адаб буда аст”. 

         Имрӯз шукри Худо бо ташаббуси Пешвои миллат ҳамаи касбу ҳунар, ананаҳои миллӣ худшиносии миллӣ эҳё мешавад, касбу ҳунар, урфу одати беҳтарин ба ҳар як хонадон таъсири неки худро мегузорад, ки онро таълимоти дини мубини Ислом  дар садсолаҳо тарғиб карда аст.        Дар воқеъ ҳунармандӣ аз нигоҳи таълимоти дини мубини Ислом манбаӣ асосии ризқу рӯзии ҳалол ба ҳисоб меравад.

         Агар ба таърих назар кунем ҳамаи Пайғамбарон бо деҳқонӣ, тиҷорат ё касбу ҳунаре машғул буданд ва мардумро ба косибию ҳунармандӣ тарғиб мекарданд.

         Аз нигоҳи дин инсон соҳиби истеъдоди фитриӣ мебошад, ҳар як нафар дар як коре соҳибистеъдод буда, бояд онро сабаби ризқу рӯзи донад, хусусан бисёр ҷавонҳо ҳастанд, ки ба косибӣ ё ҳунармандӣ завқ доранд бояд падару модари онҳо садди роҳ нашаванд, онҳоро соҳиби касбу ҳунар кунанд, завқи ҳунармандии онҳоро ба ҳисоб гиранд ва шароит муҳайё созанд, ки меросҳои гаронбаҳои мардумии мо монанди кулолгарӣ, кордсозӣ, гилембофӣ, атласбофӣ ривоҷ ёбад ва ҷавонони мо аз пешрафти илму техника бохабар бошанд, дар густариши ҳунарҳои мардумӣ технологияи навро ворид созанд, муттахасиси варзида будани худро нишон дода тавонанд.Ҷавонон бояд фурсати таълими касбу ҳунарро ғанимат донанд, дар арсаи зиндагӣ соҳиби касбу ҳунар шаванд.

         Дар замони Шӯравӣ косибону ҳунармандон махфиёна атласу коло мебофтанд, зеро дукондорӣ бо тариқи шахсӣ мамнӯъ буд. Имрӯз шукри Худо дар ин самт  ягон монеъагие нест ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ бо роҳбарии Пешвои миллат тарғиб мекунанд, ки мардум бо кор таъмин бошад, бояд мо ба қадри ин неъмат бирасем, кор кунем, ватани худро обод кунем, чаро ки ҳунар ин ганҷинаи бебаҳои миллат ба ҳисоб меравад, арзишҳои миллӣ, динӣ ва маънавии мо сабаби саодати мардуми мо мебошад. Боиси зикр аст, ки сабукие, ки аз назари андоз ва таваҷҷуҳи хоса ба рушди ҳунар рӯи кор омад дар пешрафти ҳунарҳои мардумӣ таккони ҷиддие хоҳад буд.

         Имрӯз мо бояд ба қадри неъматҳои дода шуда бирасем, ақлу хираде, ки Худо додааст, водор мекунад, ки шукрона гӯем, ки ҳар кас ба қадри имконати худ ба халқу миллаташ манфаате расонад ва дар ҳаққи Пешвои одил дуои хайр кунем.

Ҷонишини Раиси Шўрои уламои Ҷумҳурӣ

Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:44
Пешин12:40
Аср16:55
Шом18:54
Хуфтан20:24
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар