Асосӣ Хабарҳо Қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар бораи оғози моҳи шарифи Рамазон

Қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар бораи оғози моҳи шарифи Рамазон

Қарори Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар бораи оғози моҳи шарифи Рамазон
2018-05-15
7047

Имрӯз соати 09.00 дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид.

Нахуст дар назди уламои кишвар, Раиси Шӯрои уламои Маркази исломӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода суханронӣ намуда, аҳли нишастро ба муносибати омад-омади моҳи шарифи Рамазон табрику таҳният гуфт.

Сипас Раиси Маркази исломӣ ҳозиринро бо рўзномаи маҷлис ошно намуда, қайд кард, ки мувофиқи ҳисобҳои илмӣ ва хулосаи пешниҳоднамудаи Институти астрофизикаи Академияи илмҳо имсол оғози моҳи Рамазон дар кишвар ба рўзи 17-уми май рост меояд.

Пас аз муҳокима ва баррасии масъалаҳои рўзномаи маҷлис аъзои Шӯрои уламо чунин қарор карданд:

  1. Моҳи мубораки Рамазон дар кишварамон рӯзи 17-уми майи соли 2018 муайян карда шавад.
  2. Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 20400 сомонӣ муқаррар шавад, ки аз он 510 сомонӣ закот пардохт мешавад.
  3. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ баробар ба 5 сомонӣ муқаррар шавад.
  4. Фидяи савм дар моҳи Рамазони соли 2018 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рўз муайян карда шавад.

Дар анҷоми маҷлис раиси Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода аз имомхатибон талаб кард, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвари азиз саҳми худро гузоранд.

Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллат ва мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:57
Пешин12:40
Аср17:23
Шом19:22
Хуфтан20:53
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар