Асосӣ Хабарҳо 15-уми июн - рўзи иди саиди Рамазон

15-уми июн - рўзи иди саиди Рамазон

15-уми июн - рўзи иди саиди Рамазон
2018-06-08
3413

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Тавре ҳамагон хабар доранд, дирўз ҷаласаи Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ҷаласа оиди масъалаи муайян кардани рўзи иди саиди Рамазон, соати баргузоршавии намози ид ва дигар масъалаҳои марбут ба ид мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифтанд. Дар асоси далелҳои шаръӣ ва ҳисобҳои пешакӣ Шўрои уламо қарор кард, ки рўзи иди саиди Рамазон ба рўзи ҷумъа 15-уми июн рост меояд. Мавриди зикр аст, ки одатан тақвими рўза барои 30 рўз пешниҳод мегардад. Аз рўи пайгирӣ ва мушоҳидаи ҳаррўзаи моҳ, хусусан рўзҳои 7-ум ва 14-уми моҳ, инчунин тибқи ахбори пешниҳодкардаи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон муаяйн гардид, ки имсол моҳи Рамазон 29 рўз меояд. Илова бар ин, мувофиқи далелҳои шаръӣ низ ду моҳи ҳиҷрӣ пайдарпай 30 рўз намеояд. Далелҳои 29 рўз омадани рўзаи моҳи Рамазон инҳоянд:

«Қавли муътамад ва роҷеҳ дар мазҳаби ҳанафӣ ин аст, ки тафовути матлаъҳо эътибор надорад, пас вақте ки рўъяти моҳ дар кишваре собит гардад, бар ҳамаи мусулмонон амал ба он воҷиб мегардад, аз ин рў, тибқи зоҳири мазҳаб бо дидани сокинони мағрибзамин рўза гирифтан ба сокинони машриқзамин лозим мегардад». («Расоили Ибни Обидин», ҷ. 1, с. 229-229).   

Моҳи қамарӣ 29 рўз ё 30 рўз мешавад, зеро дар ҳадис омадааст: «Мо уммати уммӣ ҳастем, навиштану ҳисоб карданро намедонем, моҳ гоҳе ин қадар ва гоҳе ин қадар мешавад, яъне гоҳе 29 рўз ва гоҳе 30 рўз мешавад». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) ривоят аст, ки фармуд: «Чанд соле, ки ҳамроҳи Пайғамбар (с) рўза доштем, рўзаи 29-рўзаамон аз рўзаи 30 рўзаамон бештар буд». (Ривояти Абўдовуд).

Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) боз ривоят аст, ки фармуд: «Чанд боре, ки ҳамроҳи Пайғамбар (с) рўза дошта будам, аксараш 29-рўзӣ буд».  Дар ин боб аз Умар (р), Абўҳурайра (р), Оиша (р), Саъд иби Абўваққос (р) , Ибни Аббос (р), Ибни Умар (р), Анас (р), Умми Салама (р) ва Абўбакра (р) низ ривоят шудааст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Моҳ гоҳе 29 рўз мешавад». (Ривояти Тирмизӣ).

Вақте ки рўъяти моҳ аз назари ниҳоди муътамад собит гардад, огоҳ кардани мардум барои шуруъ намудани рўзаи Рамазон ё рўзи ид ва баргузор кардани намози иди Фитр ва ё намози иди Қурбон ва забҳи қурбонӣ воҷиб мешавад. («Мавсуъаи фиқҳӣ»).

Аз Абдурраҳмон ибни Абўбакра аз падараш ривоят шудааст, ки Пайғамбар (с) фармуданд: «Ду моҳи ид, яъне моҳи Рамазон ва моҳи Зулҳиҷҷа кам намешаванд». Хаттобӣ мегўяд: Уламо дар таъвили ин ҳадис назарҳои мухталиф баён кардаанд. Баъзе гуфтаанд, ки агарчи ин ду моҳ аз рўи ҳисоб кам ҳам шаванд, аз рўи ҳукм кам намешаванд.  Баъзе гуфтаанд: Маънои ҳадис ин аст, ки ин ду моҳ дар аҷру савоб кам намешаванд ва агар Рамазон 29 рўз ҳам шавад, дар аҷру подош комил аст.

Таҳовӣ мегўяд: «Ман воқеъан мушоҳида кардам, ки моҳи Рамазон ва ҳамчунин моҳи Зулҳиҷҷа 29 рўз шудааст». Исҳоқ ва Бухорӣ мегўянд: «Дар ҳақиқат ду моҳи ид дар аҷру подош кам намешаванд, агарчи яке ё ҳар ду 29 рўз ҳам шаванд». («Ал-арфуш-шазӣ», шарҳи «Сунан»-и Тирмизӣ). 

Аз Абўбакра (р) ривоят шуда, ки Расули Худо (с) фармуданд: «Ду моҳи ид (яъне моҳи Рамазон ва моҳи Зулҳиҷҷа) кам намешаванд (яъне ғолибан аз 30 рўз кам намешаванд ё ин ки аз рўи савоб кам намешаванд, агарчи аз рўи шумор кам шаванд ва ё ин ки дар як сол якҷоя кам намешаванд, мурод ин нест, ки ин ду моҳ ҳиссан кам намешаванд, зеро дар ҳадиси саҳеҳ аз гуруҳе аз саҳобагон ривоят шудааст, ки гуфтаанд: «Он чи бо Пайғамбар (с) 29 рўз рўза доштем, бештар аз он аст, ки бо ў 30 рўз рўза доштаем». Аз ҳамин сабаб аст, ки бархе ҳофизони ҳадис фармудаанд: «Расули Худо (с) нуҳ Рамазон рўза дошта буданд ва аз ин миқдор фақат ду Рамазонро 30 рўзӣ рўза гирифтаанд, чунонки дар шарҳи Ибни ҳаҷар зикр шудааст». («Мирқотул-мафотеҳ», шарҳи «Мишкотул-масобеҳ»).

Дар ҳадиси шариф Расули Худо (с) фармудаанд: «Агар бар шумо ҳилол пўшида шавад, шумори моҳро 30 рўзи комил кунед». Агар мазмуни ҳадис дуруст мулоҳиза карда шавад, маълум мегардад, ки умдатан моҳ 29 рўз аст ва дар ҳолати номусоид будани ҳаво такмил карда мешавад, ҳамон тавре ки далелҳои боло ин матлабро таъйид мекунанд.

Агар аз ҷониби шаҳрвандон перомуни ин масъала ягон нофаҳмӣ ва ё шубҳае пеш ояд, метавонанд, ба телефони боварии Маркази исломӣ - 224 25 11 муроҷиат намоянд.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:00
Пешин13:00
Аср15:07
Шом17:08
Хуфтан18:38
Суханронии Президент
Паёми телевизионӣ ба муносибати Иди саиди Қурбон

Паёми телевизионӣ ба муносибати Иди саиди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар