Асосӣ Хабарҳо Ба корҳои нек бо назари нек нигарем

Ба корҳои нек бо назари нек нигарем

Ба корҳои нек бо назари нек нигарем
2018-06-08
5196

Имсол мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар тасмим гирифтаанд, ки дар ҳар як маҳалла комиссияҳои махсус оид ба расонидани кумакҳо ба оилаҳои ниёзмандро таъсис диҳанд. Албатта ин тасмими неку савобе аст. Зеро раисони маҳаллаҳо аз вазъи зиндагии воқеии ҳамаи сокинони ин ё он маҳал беҳтар аз дигарон огоҳӣ доранд ва агар мардуми мусулмони мо хайру садақоти худро дар ихтиёри ин комиссия гузоранд, садақаи онҳо ба оилаҳои воқеан ниёзманд мерасад ва ин амали онҳо боиси хушҳолии як хонавода мегардад.

Мутаассифона, ин тасмим дар бархе аз васоити ахбори омма ҳамчун дахолати мақомот ба корҳои шахсии мардум, аз ҷумла, хайру садақот инъикос гардид, ки боиси нигаронист. Бояд ҳар як инсон ба дилхоҳ тасмими хайру савоб бо назари нек бингарад. Зеро навобаста аз мавқеъ мо инсон ҳастем ва бояд кору кирдор ва нақшаву ниятҳоямон ба дастгирии инсонҳои дигар равона гардад, на ба эҷоди мухолифату нофаҳмӣ миёни ҷомеа.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:57
Пешин12:40
Аср17:23
Шом19:22
Хуфтан20:53
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар