Асосӣ Хабарҳо Кўмак ба ятимону камбизоатон ва пиронсолон

Кўмак ба ятимону камбизоатон ва пиронсолон

Кўмак ба ятимону камбизоатон ва пиронсолон
2018-06-21
4149

Дар партави дастуроти Пешвои миллат доир ба расонидани кўмак ба ятимону бепарасторон ва табақаи ниёзманди ҷомеа роҳбарияти Маркази исломӣ ва масъулони масҷиди марказии ба номи “Ҳоҷӣ Яъқуб” дар даҳаи охири моҳи мубораки Рамазон аз ҳисоби садақаи фитр ба ятимону камбизоатон ва пиронсолони маҳаллаи Шодмонӣ кўмаки хайрия тақдим намуданд. Тақсими хайрияро ҳайати комиссия иборат аз имомхатиб, раиси маҳалла ва шахсони барўманди маҳалла назорат намуданд. Аҳли маҳалла аз ин амали хайрхоҳонаи роҳбарияти Маркази исломӣ ва масҷиди марказӣ изҳори сипос ва миннатдорӣ намуда, шукронаи онро намуданд, ки дар кишвари ободу осуда зиндагӣ ба сар мебаранд.

    Инчунин роҳбарияти Маркази исломӣ ба тарбиятгирандагони мактабинтернати ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рўдакӣ дар арафаи иди саиди Рамазон кӯмаки хайриявӣ аз қабили маводи хӯрока тақдим намуданд.

 

 

 

 

 

 

 

 

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:59
Пешин12:40
Аср17:22
Шом19:21
Хуфтан20:52
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар