Асосӣ Хабарҳо Раёсати Шӯрои уламо рўзи Иди Қурбонро муайян кард

Раёсати Шӯрои уламо рўзи Иди Қурбонро муайян кард

Раёсати Шӯрои уламо рўзи Иди Қурбонро муайян кард
2018-08-14
7107

Имрӯз дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид. Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии ҷумҳурӣ Саидмукаррам Абдуқодирзода ҳозиринро ба муносибати ҷашни дарпешистодаи иди саиди Қурбон табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи олимони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Иди саиди Қурбон дар кишвар ба рўзи 21-уми август рост меояд.

Баъдан Шӯрои уламо масъалаҳои рўзномаи маҷлисро муҳокима ва баррасӣ намуда, чунин қарор кард:

Иди саиди Қурбон рӯзи21-уми августи соли 2018 муайян карда шавад.

Намози иди саиди Қурбон соати 6:30 дақиқа хонда шавад.

Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи миллату кишвар ҳусни анҷом пазируфт.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:57
Пешин12:40
Аср17:23
Шом19:22
Хуфтан20:53
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар