Асосӣ Хабарҳо Изҳороти Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон роҷеъ ба «Паймони миллии Тоҷикистон»

Изҳороти Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон роҷеъ ба «Паймони миллии Тоҷикистон»

Изҳороти  Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон роҷеъ ба «Паймони миллии Тоҷикистон»
2018-09-17
446

     Барои ҳар фарди солимфикр ва огоҳ маълум аст, ки тамоми тавсияҳои дини мубини Ислом барои манфиати бани башар мебошад. Пайғамбари Худо Ҳазрати Муҳаммад (с) 1400 сол муқаддам фармуда буданд: "Беҳтарин инсон дар пеши Худованд он шахсоне ҳастанд, ки барои мардум фоида мерасонанд". Дар ин робита, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони Миллали Муттаҳид барои ҷаҳониён эълон намуданд: "Дини мубини Ислом дини пок аст ва ҷавҳари он барои раҳнамоӣ ва нафъ расонидан барои ҷомеа мебошад".

         Вақте ки ба ин фармудаҳо шахс андеша мекунад, возеҳу равшан мегардад, ки инсон тавассути хидмат кардан барои ҷомеа маҳбуби Худову халоиқ мегардад. Вале мутаассифона дар ҷомеа афроде ёфт мешаванд, ки ба ҷои нафъ расонидан ба мардум даст ба фитнаҷўӣ мезананд ва дар байни ҷомеа тухми кинаву адоват мекоранд.

Тавре аз шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳӣ ёфтем, сарони чор ташкилоти ватанфурўшу хиёнатпеша дар шаҳри Варшава, пойтахти Лаҳистон эътилофи наверо бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” таъсис дода, Кабириро роҳбари он таъйин кардаанд. Ин тасмими тиҳимаѓзонаи онҳо иѓвои навбатӣ буда, бар зидди оромию осоиш, сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду нумўи Ватани азизамон равона карда шудааст. Бо таъсиси ба ном «Паймони миллии Тоҷикистон» як тўда ватанбезорону душманони «дўстнамо»-и мардум мехоҳанд, бо пуштибонии хоҷагони хориҷии худ роҳбарияти Ҳукумату давлат, номи поки Ватан ва миллати сарбаланди худро бадном созанд. Аз ин ҷиҳат, «Паймони миллии Тоҷикистон» - паймони хиёнату ҷиноят, мансабталошию мансабгадоӣ, даҳшатангезию миллатбезорӣ аст. Мардуми шарифи Тоҷикистон аз чунин «паймонсозӣ»-ю «паймонбозӣ» безор аст. Бинобар ин, бо камоли масъулият ба ҳамаи шаҳрвандон иброз медорем, ки: «Алҳазар, аз ин «Паймони миллии Тоҷикистон», алҳазар!!!

         Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкили чунин як паймони  ғаразнокро қатъиян маҳкум намуда, бори дигар ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат карда мегӯяд, ки Тоҷикистон ва халқи шарифи он дар партави сиёсати оқилона, содиқона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳомии иттиҳоду сарҷамъӣ ва саодату осудагӣ мебошад, дар фазои орому осуда ва сулҳу субот фаъолияту зиндагӣ менамоянд.

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломӣ

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:00
Пешин13:00
Аср15:07
Шом17:08
Хуфтан18:38
Суханронии Президент
Паёми телевизионӣ ба муносибати Иди саиди Қурбон

Паёми телевизионӣ ба муносибати Иди саиди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар