Асосӣ Хабарҳо Изҳороти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иштироки ТЭТ ҳизби наҳзати исломӣ дар нишастҳои САҲА

Изҳороти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иштироки ТЭТ ҳизби наҳзати исломӣ дар нишастҳои САҲА

Изҳороти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иштироки ТЭТ ҳизби наҳзати исломӣ дар нишастҳои САҲА
2018-09-17
499

Истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии сиёсӣ имкон фароҳам сохт, ки давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик дар радифи расидан ба худмуайянкунии сиёсӣ роҳи минбаъдаи худро ҷиҳати рушду инкишоф мушаххас созад. Маълум аст, ки истиқлолияти Тоҷикистон аз сабаби дахолатҳои кишварҳои ба ном дӯст ва гурӯҳу равияҳое, ки давлат ва манофеи он барояшон арзише надорад, ба бунбасти сиёсиву иҷтимоӣ мувоҷеҳ гашта буд. Новобаста аз ин, бо ҷаҳду талоши фарзанди фарзонаи миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи мушкилоту буҳронҳои мавҷуда паси сар гаридиду мардуми тоҷик дубора ба зиндагии осуда баргашт. Дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулгардида дар кишвар ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, махсусан озодии виҷдон дар ҷомеа таъмин гардид. Дар моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Давлат ба ҳар кас қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад». Яъне, ҳеҷ кас аз пайравӣ кардан ба ин ё он дин маън карда нашудааст. Ҳар кас метавонад озодона динеро қабул намуда, тибқи талаботи он ибодат намояд.

Аммо озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин аз ҷониби гурӯҳе барои манфиатҳои худ истифода шуда, онҳо кӯшиш намуданд бо таҳриф сохтани аҳкоми дин ва сӯиистифода аз озодиҳои шаҳрвандон вазъияти сиёсиро дигаргун созанд, зеро зиндагии осудаи халқ ба манофеи гурӯҳии ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ ҳаргиз рост намеомад. Чун аз ибтидо ҷавҳари аслии фаъолиятҳои тахрибкоронаи ин ҷараёни тундгароро маҳз нооромсозии ҷомеа ва ба ин васила дастрас намудани маблағҳои ҳангуфт аз хоҷагони хориҷӣ ташкил медод. Новобаста аз гузаштҳои пайдарпайи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳатто додани мансабҳои давлатӣ ба пайравони ТЭТ ҲНИ ҳамоно роҳбарони ин ташкилот даст аз хиёнату ҷиноят набардоштанд.

Мегўянд, офтобро ба доман пўшида намешавад. Имрўз ҳама медонанд, ки ташкилоти экстремистӣ - террористии ҲНИ бо роҳбарии Кабирӣ кистанд ва чӣ ният доранд. Аммо боиси тааҷҷуб ва таассуф аст, ки баъзе давлатҳои ба мо ҳамсоя ва созмонҳои байналмилалӣ наҳзатиёнро пуштибонӣ, роҳнамоӣ ва ҳидоят мекунанд.

Бо дастгирии баъзе кишварҳо имрӯз дар шаҳри Варшава аз сӯи ба ном гурӯҳҳои мухолиф, аммо дар асл ифротиву террористӣ эътилофи наве бо номи “Паймони миллии Тоҷикистон” таъсис дода шудааст. Аз номи эътилофи мазкур маълум аст, ки чун ташкилоти террористии ҲНИ ва хоҷагони хориҷии он дигар бо номи “ислом” мардумро гумроҳ сохта наметавонанд, ҳоло талош доранд, ки бо чунин номи нав ва иддаоҳои тозае чун “озодӣ” ва “демократия” дигарбора худро ба мардум наздик созанд.

Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо гурӯҳи террористони тоҷикро ба ҷаласаи навбатӣ даъват намуда, ба онҳо аз минбар сухан медиҳад. Аммо бояд дар хотир дошт, ки хатари ТЭТ ҲНИ на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдид дорад. Кушта шудани шаҳрвандони Америка, Швейтсария ва Нидерландия тасдиқи ин гуфтаҳост ва давлатҳое, ки ТЭТ Ҳизби наҳзатро пуштибонӣ мекунанд, шоҳид гаштанд, ки ин қотилон барои шаҳрвандони ҳамаи давлатҳо хатарноканд.

Аз ҷониби баъзе давлатҳои ба мо «дӯст» ва созмонҳои байналмилалӣ пуштибонӣ шудани террористони байналмилалӣ амали беандеша арзёбӣ гардида, террори хоинони миллат метавонад муқобили худи ин давлатҳо равона гардад.

Суханҳои беасоси Кабирӣ дар ҷаласаи Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо наметавонанд заррае нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ коста гардонад.

Аз ин рӯ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қотеона изҳор менамояд, ки созмонҳои дахлдор, махсусан САҲА дар фаъолиятҳои худ аз сиёсатҳои «дугона» даст кашида, ба фаъолияти тахрибкоронаи ҷараёнҳои ифротӣ, аз ҷумла ТЭТ ҲНИ баҳои воқеӣ диҳад.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:00
Пешин13:00
Аср15:07
Шом17:08
Хуфтан18:38
Суханронии Президент
Паёми телевизионӣ ба муносибати Иди саиди Қурбон

Паёми телевизионӣ ба муносибати Иди саиди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар