Асосӣ Хабарҳо Муроҷиатномаи Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми мусулмони кишвар

Муроҷиатномаи Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми мусулмони кишвар

Муроҷиатномаи   Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми мусулмони кишвар
2018-10-05
5721

Бисмиллоҳир-Раҳмонир-Раҳим

Сипосу ҳамди бепоён ба Худованди яктову ниҳоят меҳрубон, ки раҳмати Ӯ ҳама ашёро фаро гирифтааст. Дуруду салавот ба Паёмбари акрам Ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ва ҳама хонадону ёронаш бод.

Мардуми шарифи Тоҷикистон тўли солҳои ваҳдату истиқлол шаҳди зиндагии шоистаи инсониро бо фазли Парвардигор ва аз баракати сулҳу фаъолияти бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб чашидаву дарк кардаанд ва дар ҳеҷ вазъияту ҳолат тафриқаву ихтилоф ва ноамнию бесуботиро намехоҳанд. Ба ягон фарди оқил ва муъмини воқеӣ вазъи Афғонистон ва Сурияву Ироқ, Яман, ки натиҷаи нотифоқиву номуттаҳидии мардум аст, писанд нахоҳад буд.

         Имрўз ҳамаи мо аз воқеаҳои фоҷеабор дар ҷаҳони Ислом нигаронӣ дорем. Бо дасисаи доираҳои харобкору манфиатҷў иддае аз кишварҳои мусулмонӣ дар гирдоби мухолифатҳою даргириҳои шадид қарор гирифта, ҳазорон нафар одам куштаву беватан мегарданд ва маҳалҳои зисташон ба харобазор табдил меёбад. Аҷаб он аст, ки ҳамаи ин ваҳшоният бо номи Ислом ва бо зикри исми мубораки Худои таборак ва таъоло сурат мегирад. Дар ҳоле ки кирдорҳои мазкур мухолифи фармудаҳои Илоҳӣ ва кулли қавонини башарӣ буда, даст задан ба чунин аъмол гуноҳҳои нобахшиданианд.

Худованди мутаъол касонеро, ки миёни мусулмонон тафриқа эҷод мекунанд ва бо номи Ислом аъмоли зиддиисломӣ содир менамоянд, «мушрикону мунофиқон» унвон гузоштааст ва мусулмононро даъват кардааст, то аз пайравӣ ба онҳо худдорӣ намоянд. Худованд мефармояд:

«Аз зумраи касоне мабошед, ки дини Худоро пора-пора карданд ва фирқа-фирқа шуданд ва ҳар фирқае ба ҳарчи дошт, дилхуш буд». (Рум; 32).

Агар мо имрӯз ҳақиқати ин гуна равияҳои фитнаангезро ба мардум нарасонем ва пеши роҳи онҳоро нагирем, фардо дер мешавад ва он гоҳ дигар касе ба доди мо намерасад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки бо қарори Суди Олии ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) – террористӣ шинохта шуда, фаъолияти он қатъ гардид.  Чунки борҳо собит шуд, ки ҳадафи ин гурӯҳи ҷинояткор халалдор кардани амнияту суботи кишвар, гумроҳ намудани мардум ва ба сари тоҷикистониён овардани фитнаву балоҳост. Ваҳшигарӣ, хиёнат ба миллат, қатлу куштор аз шеваҳои асосии ТЭТ ҲНИ ва пайравони ӯст. Ин бадхоҳони давлату миллат ободиву тараққиёти Тоҷикистонро тавони дидан надоранд ва ҳамеша дар ҷустуҷўи камбудиву эҷоди фитнаанд.

Мутаассифона, амалҳои тахрибгароёна, ҳаракатҳои террористиву экстремистидоштаи ТЭТ ҲНИ-ро баъзе ташкилотҳои байналмилалӣ нодида мегиранд. Мегузоранд, ки дар Аврупо-дар Варшава аз тарафи чанд нохалаф эътилофи “Паймони миллии Тоҷикистон” созмон ёбад.

Бо дарназардошти ҳолатҳои зикргардида Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси далелҳои қуръонӣ, аҳодиси набавӣ ва дигар сарчашмаҳои шаръӣ, амалҳои фитнаҷўёнаи ТЭТ ҲНИ-ро таҳлилу баррасӣ карда, ба мардуми кишвар чунин муроҷиат менамояд:

1. Ҳамаи амалкардҳои ТЭТ ҲНИ хилофи шариати Ислом, аз ҷумла хилофи мазҳаби ҳанафӣ буда, пайравӣ намудан аз ин ташкилот тибқи далелҳои шаръӣ нодуруст аст, зеро ҳадафи ТЭТ ҲНИ эҷоди фитна ва ихтилоф дар байни мусулмонон ва барҳам задани сулҳу амнияти кишвар мебошад.

2. Яккамазҳабӣ ва пайравӣ аз мазҳаби ҳанафӣ дар замони кунунӣ омили асосӣ ва муҳим барои пойдории сулҳу салоҳ ва оромии кишвар мебошад.

3. Амалҳои ТЭТ ҲНИ сабаби бурузи ихтилоф дар миёни мусулмонон ва бадном шудани дини мубини Ислом мегардад.

4. Аз ҳамаи мусулмонони кишвар даъват ба амал меорем, ки ҷиҳати ҳифзи муқаддасоти динӣ, аз ҷумла мазҳаби ҳанафӣ муттаҳид бошанд, зеро мазҳаби аҷдодии мо зиёда аз 13 қарн инҷониб ҳамчун мазҳаби таҳаммулпазир ва инсондӯст дар олами Ислом шинохта шудааст.

5. Мо мардуми мусулмони Тоҷикистон бояд дар ақидаи худ устувор бошем ва аз ҳар гуна фирқаву равияҳои навпайдо дурӣ ҷӯем, дину мазҳаби худро ҳимоя намуда, Ватани худро аз зуҳуроти номатлуб ҳифз кунем ва дар фазои сулҳу субот, тинҷиву оромӣ зиндагӣ намуда, озодона ибодати худро анҷом диҳем. Чунки дини мубини Ислом ва хоссатан мазҳаби ҳанафӣ сулҳу суботи ҷомеаро беҳтарин арзиши исломӣ эътироф мекунад, ки барои ҳар фарди мусулмон комилан фаҳмову равшан аст.

 

Раёсати Шўрои уламои Маркази

исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:43
Пешин12:40
Аср16:56
Шом18:55
Хуфтан20:25
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар