Асосӣ Хабарҳо Саидмукаррам Абдуқодирзода хост то уламои исломӣ ТЭТ ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти террористии байналмилалӣ эътироф кунанд

Саидмукаррам Абдуқодирзода хост то уламои исломӣ ТЭТ ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти террористии байналмилалӣ эътироф кунанд

Саидмукаррам Абдуқодирзода хост то уламои исломӣ ТЭТ ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти террористии байналмилалӣ эътироф кунанд
2018-10-17
328

Раиси Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода дар чаҳорумин Конфронси байналмилалии Дабирхонаи муфтиётҳои ҷаҳон таҳти унвони "Таҷдиди фатво аз нигоҳи илмӣ-назариявӣ ва амалӣ" иштирок ва суханронӣ намуд.  Зимни суханронии худ дар баробари дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ Раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон зарурати содир намудани фатворо дар масъалаи маҳкум намудани ТЭТ ҲНИ таъкид намуда, иброз дошт, ки вақти он расидааст, то ТЭТ ҲНИ ба сифати ташкилоти террористии байналмилалӣ эътироф гардад.

Саидмукаррам Абдулқодирзода дар рафти суханронии худ даъват намуд, ки идораҳои дахлдори динии кишварҳо барои маҳкум сохтани фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар сатҳи ҷаҳонӣ фатвоҳои лозима содир намоянд. Ин амр бо дарназардошти ҷиноятҳои  террористии ТЭТ ҲНИ дар тӯли чил сол аст, ки амали ҷинояткоронаи онҳо дар соли 2015 ба қуллаи худ расид. Онҳо бо инқилоби нокоми хеш тамоми мардуми осоиштаро дар ваҳму тарс қарор дода, бар зидди ҳукумати қонунии Тоҷикистон қиём намуданд.

Ӯ дар масъалаи мубориза бо терроризм иброз намуд, ки ТЭТ ҲНИ аз ташкилоти «Ихвон-ул-муслимин» сарчашмаи идеологӣ мегирад ва дар ин масъала кишвараш бо Миср муборизаи муштарак мебарад. Созмонҳои исломӣ масъулияти зиёдеро бар души худ гирифта, бо соҳибони фатвоҳои гумроҳкунанда бояд мубориза баранд. Чунончи ташкилотҳои террористӣ паси номи “Ислом” пинҳон гардида, талош доранд, то мардумро бо ақидаҳои зиддиҳукуматии худ қонеъ гардонанд.

С. Абдулқодирзода дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии солонаи Муфтиёт изҳор намуд, ки ташкилоти «Ихвон-ул-муслимин» ва ТЭТ ҲНИ, ки дуюмин соли 1973 бар асоси идеологияи ихвониҳо таъсис ёфтааст, зери шиори “марг волотарин орзуи мост” амал намуда, куштор ва нобудсозии насли одамиятро методи хеш қарор додаанд. Онҳо бо ин шиор фалсафаи хешро оид ба нобудсозии тамаддуни башарият эълон намуданд.   

Қобили зикр аст, ки Раиси Шўрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди нишасти Конференсияи имрӯзаро, ки зери унвони “Қоидаҳои фатво дар асл ва дар воқеият” баргузор гардид, роҳбарӣ намуд. Шахсиятҳои бонуфуз ислом аз 73 кишвари олам дар рафти Конференсия ҳузур намуда, намояндагони воломақоми бонуфузи Миср, аз ҷумла муовини якуми Маҷлиси намояндагон Маҳмуд Шариф, Вазири адлия Ҳусом Абдураҳмон, собиқ муфтии Миср доктор Алӣ Ҷумъа ва Вазири Авқоф Муҳаммад Мухтор Ҷумъа, дар он ширкат варзиданд.

С. Абдулқодирзода ишора намуд, ки ҳамон тавре ки кишвари Миср дар баробари тероризм ва нест кардани он бо кумаки мардум мубориза мебарад, ҳамчунин Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои пойдории сулҳу субот дар саросари кишвар талош варзида, бар муқобили терроризм мубориза мебарад.

Ӯ илова намуд, ки Конференсияи имсола оид ба масъалаҳои фатво зери унвони "Таҷдиди фатво аз нигоҳи илмӣ-назариявӣ ва амалӣ" амали муҳим ва дастгирикунандаи талошҳои миллӣ дар масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва тундгароӣ мебошад. Дар ин росто, сипоси махсуси хешро ба Президенти кишвари Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ва муфтии ин кишвар доктор Шавқӣ Аллом, барои танзими ин “Чорабинии сол” иброз дошт. Ин чорабинӣ дар вақте сурат мегирад, ки уммати исломӣ ба роҳнамоиҳои донишмандони забардаст, ки умри хешро дар талаби илм фано намуда, сазовори илму мартабаву аҳли фатво гардидаанд, эҳтиёҷ дорад. Донишгоҳи Азҳари Шариф бузургтарин олимон ва донишмандони шинохтаро пайдо намудааст, ки онҳо дар таҷдиди фатво ва мувофиқ кардани он бо рўҳи асру замон ва пешрафти ҷомеа нақши бузург бозидаанд.

Ӯ ишора намуд, ки кишвари Миср бо назардошти он масъулияти фикрию ҷойгоҳи илмие, ки дар тӯли таъриху тамаддуни чандҳазорсола ноил шудааст, ин конференсяи ҷаҳониро бори чорум баргузор мекунад, ҳамчунин аз маконати роҳбарии фикрию илмӣ низ бархӯрдор аст, ки ин ҳама нақши асосӣ ва муҳим доштани кишвари Мисрро дар мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ нишон медиҳад. Бояд қайд кард, ки вазифаи уламо ва донишмандони шариат иҷтиҳод ва истихроҷи аҳкоми шаръию фиқҳӣ ва баровардани фатвоҳои муносиб ба воқеъияти замон буда, фиқҳи муътадилро дар ҳама бахшҳои зиндагӣ устувор бояд намояд.

Ӯ илова намуд, ки халосӣ ёфтан аз хатари терроризм, ки болои дини Ислом омадааст, танҳо бо роҳи гуфтумони қоидаҳои фатво дар масъалаҳои сиёсӣ ва умури давлатдорӣ, таъсири фатво дар пойдории  амну суботи ҷомеа ва муносибатҳои байналмилалӣ амалӣ мегардад.

Ӯ таъкид намуд, ки бисёре аз кишварҳо бар зидди ташкилотҳои террористӣ мубориза мебаранд, зеро ин ташкилотҳо аз афкори ғалат ва инҳирофӣ сарчашма гирифта, андешаҳои тундравона ва тахрибсозро дар ҷомеаҳо мунташир месозанд ва ихтилофу фитнаро дар миёни мардум эҷод намуда, амну суботро аз байн мебаранд ва боиси парокандагии давлат ва порашавии он ба давлатҳои хурди бо ҳам оштинопазир мегарданд.

С. Абдулқодирзода таъкид намуд, ки ҳодисаи ваҳшатноки қатли сайёҳони хориҷӣ, ки ахиран дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи аъзоёни ТЭТ ҲНИ ба вуқуъ пайваст, яке аз ҷонибдорон ва сарпарастони терроризми байналмиллалиро ошкор сохт. Ин маротиба дастгириҳои кишвари Эрон ба ин гуна ташкилотҳои террористӣ ошкор гардид. Тафтишот нишон дод, ки шахси ин ҷинояти террористиро бар зидди гардишгарони хориҷӣ содир карда дар тӯли солҳои 2014-2015 чор бор ба шаҳрҳои Қум ва Мозандарони Эрон сафар карда, ба ӯ дар онҷо машқҳои низомӣ ва идеологӣ омӯхтаанд. Ин шахс дар вақти таҳсил гирифтанаш дар Эрон бо яке аз фаъолони ТЭТ ҲНИ шинос гардида, ба саффи ҳизб шомил гардидааст. Баъдтар ин шахс роҳбари гурӯҳи махфии террористӣ таъйин гардидааст.

Тафтишот нишон дод, ки ҷинояткороне, ки даст ба чунин амалҳои зишт мезананд, синашон аз 18 то 30 сол мебошад. Ин бори дигар стратегияи ҷалби ҷавононро ба сафи ин ташкилоти террористӣ таъкид намуд.

Муфтии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуд, ки ТЭТ ҲНИ шохае аз ташкилоти террористии ихвониҳо буда, ҳамкориҳои зич байни ин ду ташкилот ошкор гардидааст. Ӯ илова намуд, ки дар замони сари қудрат будани ихвониҳо, Муҳаммад Мурсӣ раиси ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабириро истиқбол гирифта, бо ӯ мулоқот анҷом додааст. Аз ин бештар, ноиби раиси ин ҳизб Саидумар Ҳусайнӣ дар шаҳри Қоҳира манзили истиқоматӣ туҳфа гирифтааст, ки ин худ далолат ба зичии ҳамкориҳои дуҷониба мебошад. Фаъолияти ташкилоти ихвониҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2006 мамнуъ эълон гардида, ҳатто пас аз омадани ихвониҳо ба сари қудрат ин ҳукм лағв нагардид.

Раиси Шўрои уламои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саидмукаррам Абдулқодирзода масъалаи дахолатҳои харобкоронаи Эронро хотиррасон намуда, аз дастгириҳои пайвастаи он нисбат ба ТЭТ ҲНИ изҳори нигаронӣ намуд. Ӯ иброз дошт, ки имрӯз оид ба дахолатҳои Эрон дар умури на танҳо минтақа, балки дар кишварҳои гунонгуни олам садо баланд намудан лозим аст. Эрон барои пешбурди кории худ аз ташкилотҳои террористӣ ба монанди ТЭТ ҲНИ, ки шохаи осиёгии “Ихвон-ул-муслимин” ва таблиғгари инқилоби исломии охундҳои Эрон мебошад, истифода мебарад.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:35
Пешин13:00
Аср15:23
Шом17:21
Хуфтан18:51
Суханронии Президент
Паёми телевизионӣ ба муносибати Иди саиди Қурбон

Паёми телевизионӣ ба муносибати Иди саиди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар