Асосӣ Хабарҳо ПАЁМИ ТАБРИКИИ Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

ПАЁМИ ТАБРИКИИ Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

ПАЁМИ ТАБРИКИИ Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)
2018-11-23
189

                                  Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон!

Ҳамду санои бепоён Худованди покро ва дуруду саломи фаровон бар Расули акрам Ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ва тамоми хонадону ёронаш бод.

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми кишвари азизамонро ба муносибати фарорасии моҳи мавлуди Пайғамбари гиромӣ (с) табрику муборакбод гуфта, аз даргоҳи Худованди мутаъол комёбӣ ва саодати дорайнро барои ҳамагон таманно дорад.

Чаҳордаҳ қарн пеш дар ин моҳи пурфайзу бобаракат азизтарин бандаи Аллоҳ таъоло, охирин ва бузургтарин Паёмбар - Ҳазрати Муҳаммад (с) чун офтоби саодат ба дунё омаданд ва замину замонро бо нури вуҷудаш мунаввар гардонданд. Бо қудуми мубораки ў ба арсаи вуҷуд абрҳои зулмату залолат аз осмони дунё рахт баст ва офтоби нуру ҳидоят дурахшидан гирифт, ба ҷои зулму ситам ҳақиқату адолат, ба ҷои кинаву адоват меҳру муҳаббати инсонӣ омад.

Ситорае бидурахшиду моҳи маҷлис шуд,

Дили рамидаи моро анису мўнис шуд.

           Паёмбари гиромӣ (с) ба инсоният роҳи хушбахт шуданро дар дунё ва охират нишон доданд. Рафтори ҳасанаро пеш аз ҳама худашон  анҷом дода, намунаи беҳтарин шуданд. Дар сояи имоне, ки ў дар дилҳо ҷой дод, ухуввату бародарӣ, раҳму шафқат, инсофу адолат ва тамоми хислатҳои шоистаи инсонӣ ба вуҷуд омад.  Он Ҳазрат (с) раҳмате барои оламиён ҳастанд, ки инсониятро ба сўи саодат ва растагорӣ роҳнамоӣ кардаанд. Дили Паёмбарамон (с) пур аз меҳру муҳаббат нисбати инсонҳо буд. Он қадар меҳрубон буданд, ки ҳатто гурусна ҳам мемонданд, ҳар чизи дар дасташ бударо ба бечорагон медододанд.

         Пайғамбари гиромӣ Ҳазрати Муҳаммад (с) мояи ифтихори башарият аст. Чаҳордаҳ қарн инҷониб бузургтарин олимон ва файласуфони ҷаҳон, номдортарин мутафаккирон ва донишмандон, ки ситорагони осмони илманд, ҳамвора аз пайи ў мераванд ва бо камоли фурўтанӣ ба ў мегўянд: «Шумо шахсе ҳастед, ки мо аз пайравиямон ба Шумо ифтихор дорем».

Дар ин моҳи мавлуди набавӣ аз Худованди меҳрубон масъалат дорем, ки ҳамагонро ба пайравӣ аз ахлоқи ҳамида ва хисоли зебои Паёмбари гиромӣ (с) муваффақ ва тамоми хушиҳои зиндагиро бонасиб гардонад.

Раёсати Шўрои уламои Маркази исломӣ

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод06:00
Пешин13:00
Аср15:07
Шом17:08
Хуфтан18:38
Суханронии Президент
Паёми телевизионӣ ба муносибати Иди саиди Қурбон

Паёми телевизионӣ ба муносибати Иди саиди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Табрикоти Раиси Шўрои уламои Маркази исломии ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди саиди қурбон

Муфассалтар