Асосӣ Хабарҳо Оғози курсҳои омӯзишӣ барои ходимони дин

Оғози курсҳои омӯзишӣ барои ходимони дин

Оғози курсҳои омӯзишӣ барои ходимони дин
2019-02-15
4166

11-уми феврал дар Маркази исломии Тоҷикистон курси кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ барои ходимони дини кишвар ба кори худ оғоз намуд. Дар марҳилаи аввал 72 ходими дини шаҳри Душанбе ба ин курси ҳафтрӯзаи омӯзишӣ ҷалб гардиданд. Дар курсҳои омӯзишӣ мутахассисони Кумитаи дин, танзими анана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам ва Маркази исломии Тоҷикистон  доир ба мавзӯҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, ҳуқуқҳу озодиҳои динии шаҳрвандон, аҳаммияти китоби “Фиқҳи акбар” ва “Васиятнома”-и Имоми Аъзам, таҳаммулпазирии ва ҳамзистии осоиштаи адён, танзими анъана ва ҷашну маросим, мазҳаби ҳанафӣ ва нақши он дар ҳаёти ҷомеа, дарстовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи дин, арзиши оила аз нигоҳи ислом, садақа ва таъиноти иҷтимоии он аз назари ислом, пешгирӣ аз зӯроварию хушунат дар оила, танзими ҳуқуқии фаъолияти низомномавии иттиҳодияҳои динӣ ва дигар масоили ҳаёти рӯзмарраи ҷомеа маърӯза ва бо ходимони дин табодули назар намуданд.

Баргузории курсҳои омӯзишӣ бо ҷалби ходимони дини дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ дар назар дошта шудааст.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:09
Пешин12:40
Аср17:18
Шом19:16
Хуфтан20:47
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар