السؤال و الجواب
03016:
Бародарам бо як рафиқаш муноқиша кардааст. Рафиқаш омада гуфт, ки дастатро деҳ, пас дасташро гирифта гуфт, ки ба фалон ҷо биё, як ба як гап мезанем, вале аҳли оила намонданд. Баъд аз чанд рўз рафиқи бародарам омада гуфт, ки зиндагии ту ҳаром аст, занат талоқ шудааст, ту даст додӣ, вале наомадӣ. Лекин бародарам ба ягон чиз қасам нахўрдааст. Оё дар ин масъала талоқ воқеъ шудааст?
فئة:
Хонавода03013:
Як зан бо ду фарзандаш бо қарори суд аз шавҳари худ ҷудо шудааст, аммо шавҳараш ўро талоқ намедиҳад. Ин зан дар ғарибӣ зиндагии сахт дорад. Мехоҳад издивоҷ кунад, вале ҳанўз дар никоҳи шавҳараш қарор дорад. Шавҳараш на занг мезанад, на ёрдам мекунад. Дар ин ҳолат ў чӣ кор бояд кунад?
فئة:
Масоили фиқҳӣ03012:
Шахсе мегўяд, ки писарам болои асп савор буд, писари ҳамсоя аспро бо санг мезанад, асп метурад ва писарам аз асп меафтад ва солим бармехезад, вале асп қариб сесад метр ҳар сў метозад ва баъдан дар оби дарё ғарқ мешавад. Писари ҳамсоя синфи панҷ мехонад. Соҳиби асп аз падари ў талаб мекунад, ки ё қимати аспро пардозад ё аспи дигаре харида диҳад. Оё тибқи қонуни шариат соҳиби асп чунин даъво карда метавонад ва тарафи дигар ин зарарро ҷуброн мекунад ё на.
فئة:
Масоили фиқҳӣ