الصفحة الرئيسية الأخبار МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН
2023-06-26
2358

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон, дуруду салом бар Паёмбари акрам (с) ва ҳамаи хонадону ёронаш бод.

Ассалому алайкум ҳамватанони азиз, дӯстони гиромӣ!

Дар оғоз ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии иди саиди Қурбон ва ҷашни Ваҳдати миллӣ самимона табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Худованд бароятон саодату комёбиро орзу дорем.

Ҳамватанони гиромӣ! Боиси сарфарозӣ ва хушнудист, ки мардуми шарифи Тоҷикистон Иди саиди Қурбонро дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату якпорчагӣ ҷашн мегиранд. Агар ба ҳикмат ва маонии тамоми ибодатҳои дини мубини Ислом амиқан назар андозем, дар ниҳоди онҳо маънои ҳамдилӣ, ҳамбастагӣ, дўстию муҳаббат ва муттаҳидии мусулмононро хоҳем дарёфт.

Яке аз нуктаҳои муҳимми Иди саиди Қурбон барои мусулмонон қурбонӣ намудани чорпое дар роҳи ризои Худованди Мутаъол аст. Чунонки замоне Худованд ҳазрати Иброҳим (а)-ро имтиҳон намуд ва он ҳазрат дар ин имтиҳон комёб гардид. Ба ин хотир, ин рўзгори Иброҳим (а) дарси ибрат барои тамоми пайравони дини мубини Ислом мебошад, ки имону ихлос ба Худо, садоқату ростӣ, меҳру муҳаббат ба Ватану мардуми мусулмон дошта бошанд. Иброҳими Халил (а) ҳама фарзандони Одамро новобаста аз он ки аз кадом қавму миллатанд, дарси садоқату амонатдорӣ ва ихлосу фидокорӣ додааст ва ба ин васила худ ба авҷи қабули даргоҳи илоҳӣ ноил шудааст.

Ҳамватанони гиромӣ! Агар ҳикмати хурсандию шодӣ дар иди моҳи шарифи Рамазон ба хотири анҷоми тоату ибодат ва ба умеди пок шудан аз гуноҳ бошад, пас ҳикмати хурсандию шодӣ дар иди Қурбон ба хотири комёб шудани Иброҳим (а) аз имтиҳони Худованд ва ба умеду таманнои комёб шудани мо аз имтиҳони Худованд дар тўли ҳаёт аст. Машруъ шудани ин ду Ид аз ҷониби шариати Ислом далел бар он аст, ки фарҳанги дини мубини Ислом тарафдори он аст, ки пайравонаш рўзҳои хурсандӣ дошта бошанд ва ҳаққи хурсандӣ шод доранд.

Ҳамдиёрони арҷманд! Иди Қурбон дорои фазилатҳои зиёдест. Шод кардани дили ятимону мискинон ба воситаи хайру эҳсон, аёдати беморону зиёрати волидон дар рӯзҳои Иди Қурбон аз ҷумлаи ин фазилатҳо ва сабаби ризомандии Худованди меҳрубон аст. Чунонки бузурге аз ниёгони мо мефармояд:

Ҳарки хандонад ятими хастаро,

Дар кушояд ҷаннати дарбастаро.

Ҳамватанони азиз! Боиси шодмонӣ аст, ки имсол Иди саиди Қурбон бо ҷашни Ваҳдати миллӣ радифи ҳам қарор гирифтанд. Дини мубини Ислом ва мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафӣ ҳамчун ҷузъи таркибии фарҳанги миллӣ дар таҳкими ваҳдат нақши бунёдӣ дорад. Агар аз Ислом ҳамчун дини ваҳдонӣ сухан кунем, пас ин дини муборак саропо таҷаллии ваҳдату ягонагист. Ислом якрўӣ, як будани забону қалб, имони комил, ҳама мардуми оламро офаридаи як Худованд донистану эҳтиром гузоштан, ба як ҷониб ибодат кардан, хулоса, ягонагиро таҷассум мекунад ва ҳамин ягонагӣ ҳам дар маърифати Худованд ва ҳам дар шинохти ҷомеа дарк мешавад.

Ваҳдате, ки дар ҷамъияти Тоҷикистон устувор шудааст, гувоҳи хиради азалиест, ки Худованд дар қалбу маѓзҳои ин миллати акнун бедор ниҳода буд. Тоҷикон, шукри Худову Расули Ў (с)  ва ҳам шукри истиқлоле, ки аз сўи сарвари кишвар зина ба зина ва марҳила ба марҳила тақвият дода мешавад, муттаҳид шудаанд ва ин ҳамбастагӣ боиси хушнудии Офаридгор аст. Худованд дар ин хусус фармудааст: «Ва (Ҳамон аст, ки) миёни дилҳояшон улфат дод; агар ту ҳамаи он чиро, ки дар замин аст – якҷо харҷ мекардӣ, миёни дилҳояшон улфат намедодӣ. Валекин Худо дар миёни онҳо улфат афканд. Ба дурустӣ ки Вай Ѓолиби Боҳикмат аст». («Анфол», 63).

Бори дигар ҳамагонро ба муносибати фарорасии Иди саиди Қурбон ва ҷашни Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Худои якто барои хонадони ҳар яки Шумо файзу хайру баракати рўзгор, сиҳатмандиву сарбаландӣ, хушиҳои зиндагӣ ва офияту тандурустиро таманно дорем. Аз Худованди меҳрубон умеди онро дорем, ки дар кишвари мо сулҳу оромӣ ва тинҷию амонӣ доимо пойдор бошад, муҳаббату дӯстӣ ва ухуввату ҳамбастагӣ байни мардум боз ҳам устувор гардад.

Иди саиди Қурбон ва ҷашни Ваҳдати миллӣ барои ҳамагон муборак бошад!

Шўрои уламои

Ҷумҳурии Тоҷикистон

وقت الصلاة في طاجيكستان

19.07.2024

أكثر
الفجر03:34
الظهر12:40
العصر17:55
المغرب19:55
العشاء21:25
خطاب رئيس جمهورية طاجيكستان
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

أكثر
خطاب رئيس المركز الإسلامي
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

أكثر