Home News Иштирок ва суханронии Саидмукаррам Абдуқодирзода-Раиси Шўрои уламои Маркази исломӣ дар кори Конфронси миллӣ доир ба ҳалли масъалаҳои баробарии гендерӣ ва пешгирии зўроварӣ дар оила

Иштирок ва суханронии Саидмукаррам Абдуқодирзода-Раиси Шўрои уламои Маркази исломӣ дар кори Конфронси миллӣ доир ба ҳалли масъалаҳои баробарии гендерӣ ва пешгирии зўроварӣ дар оила

Иштирок ва суханронии Саидмукаррам Абдуқодирзода-Раиси Шўрои уламои Маркази исломӣ дар кори Конфронси миллӣ доир ба ҳалли масъалаҳои баробарии гендерӣ ва пешгирии зўроварӣ дар оила
2023-06-12
1515

Рўзи 1-уми июни соли ҷорӣ дар меҳмонхонаи “Рўмӣ”-и шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалисозии Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи миллӣ доир ба ҳаллӣ масъалаҳои гендерӣ ва пешгирии зўроварӣ дар оила баргузор гардид, ки ҳадафи он табодули таҷриба дар самти таҳкими фарҳанги оиладорӣ, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, тарғиби тарзи ҳаёти солим, коҳиш додани ҷудошавии оилаҳо ва пешгирии хушунати хонаводагӣ буд.

          Дар кори он Раиси Шўрои уламои Маркази исломӣ низ иштирок ва дар мавзўи “Ҳифзи арзишҳои оилавӣ аз нигоҳи динӣ” маърўзаи пурмуҳтаво намуданд.

Мавсуф қайд намуданд, ки аз нигоҳи дини мубини Ислом, оила на фақат асоси зиндагии иҷтимоӣ, балки воситаи муҳими пок нигоҳ доштани ахлоқу маънавият низ ҳаст. Аз назари меъёрҳои исломӣ, ҳар як узви оила ҳуқуқ ва вазифаҳои муайян дорад ва оила ҳамон вақт метавонад мустаҳкам шавад, ки ҳар як узви он вазифаи худро дуруст иҷро намояд. Бинобар ин, натанҳо вазифаҳои худро хуб донистан, балки онҳоро хуб иҷро намудан лозим аст.

Дар масъалаи бунёди оила ва тарбияи фарзандон низ аз нигоҳи динӣ меъёрҳо ва принсипҳое коркард шудаанд, ки ба талаботи ҷомеаи имрӯза хеле мувофиқ ва мутобиқ мебошанд. Оилае ки тибқи ин принсипҳо зиндагӣ мекунад, оилаи мустаҳкам ва солим мебошад. Чунин оила имконият дорад, ки ба муқобили ҳама гуна мушкилот истодагарӣ намояд. Дар оилае, ки тибқи принсипҳои исломӣ асос ёфтааст, ҳамеша меҳру муҳаббат, эҳтироми якдигарӣ, хушбахтӣ ва хурсандӣ  ҳукмрон аст. Оилае, ки аъзоёни он дар ҷудоӣ зиндагӣ мекунанд, дар бораи фарзандон ва калонсолон ғамхорӣ зоҳир наменамоянд, натанҳо худро маҳв месозанд, балки тамоми ҷомеаро ба нокомӣ мебарад.

More news

Pray time in Dushanbe

22.10.2024

More
Fajr05:08
Zuhr12:40
Asr15:50
Maghrib17:46
Isha19:16
Speeches by the President
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

More
Speeches by the Head of Islamic Сentre
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

More