Главная Новости Иштирок ва суханронии Саидмукаррам Абдуқодирзода – Раиси Шўрои уламои маркази исломӣ дар Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ дар мавзуи: “Қонуни танзим - заминагузори навсозӣ ва рушди фарҳанги миллӣ”

Иштирок ва суханронии Саидмукаррам Абдуқодирзода – Раиси Шўрои уламои маркази исломӣ дар Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ дар мавзуи: “Қонуни танзим - заминагузори навсозӣ ва рушди фарҳанги миллӣ”

Иштирок ва суханронии Саидмукаррам Абдуқодирзода – Раиси Шўрои уламои маркази исломӣ дар Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ дар мавзуи: “Қонуни танзим - заминагузори навсозӣ ва рушди фарҳанги миллӣ”
2023-06-13
1633

Рўзи 7-уми июни соли ҷорӣ  дар Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит бо ташаббуси Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - амалӣ дар мавзуи: “ Қонуни танзим - заминагузори навсозӣ ва рушди фарҳанги миллӣ” баргузор гардид. Дар кори конфронси мазкур Саидмукаррам Абдуқодирзода иштирок ва дар мавзўи «Омили ахлоқ ва робитаи он бо фарҳанги диндорӣ дар қонуни танзим» баромади пурмуҳтаво намуданд.

 Зимни баромади худ Раиси Шўрои уламо қайд карданд, ки беш аз шонздаҳ соли амали Қонуни танзим ҷунбиши фикрие дар ҷомеа ба вуҷуд овард ва ин қонун нақши фарҳангии хешро иҷро кард ва минбаъд низ мекунад. Таҷриба нишон дод, ки қабули ин қонун ва дар ҳаёт пайваста татбиқ шудани он рўзгори мардумро беҳ кард, назари нав ва биниши нав ба табиат ва муҳтавои расму оинҳо ва маъракаҳои хонаводагӣ, таҳлили қиёсии анъанаҳои худӣ ва русуми бегона ба вуҷуд омад. Ин раванд дар зоҳир одӣ намояд ҳам, раванди сода набуд.

Ҳоло аз баракати ин қонуни миллӣ шаклҳои манфиатовари хайру садақа дар зеҳни мардум ҷо гирифта, ташаккул ёфта истодаанд. Кўмак ба ятимону бепарасторон, мусоидат кардан ба таъмиру тармими мактабу масоҷид ва шифохонаҳо ва амсоли инҳо низ аз ҷумлаи хайру садақотанд ва аз омилҳои ҳамгироиҳои мардум ва ваҳдати онҳо низ мебошанд. Дар Қуръони Карим дар ин маврид чунин омадааст: «Эй Паёмбар, аз ту мепурсанд, ки чӣ чизҳоеро садақа кунанд? Бигў, аз моли ҳалолу поки худ ба падару модар ва наздикон ва ятимон ва мискинон ва ба мусофиру дар роҳ мондагон садақа кунед. Ва Худованд аз ҳар некие, ки анҷом бидиҳед, огоҳ аст. (Ояти 215-уми сураи «Бақара»).

Дини мубини Ислом ҳамеша сабукиро ба душворӣ тарҷеҳ медиҳад ва мо инро дар мисоли меъёрҳои ин қонун дар мавриди маросими хушнудӣ низ баръало эҳсос мекунем. Аслан, аз назари Ислом, ки мактаби бузурги тарбия аст, бояд ҳар гуна нуқсу иллат аз аслу реша бартараф карда шавад. Ҳамин ҷиҳат аст, ки ходимони дин ба ҷавонон роҳу усулҳои дур шудан аз исрофкориро бояд талқин кунанд ва дар намозҳои ҷумъаву панҷгона дар ин хусус мавъизаҳо хонанд.

Дарунмояи қонуни танзим ҳамин аст, ки ҷомеа ва ҳар як фарди ин сарзамин дуруст бидонад, ки исрофу худнамоишдиҳӣ оқибат ба фақр мебарад. Вазифаи асосии ин қонун ҳамин аст, ки ҷомеаро аз фақр нигоҳ дорад, ҳар як сокини кишварро ба худшиносӣ роҳнамо бошад. Гузаштан аз баҳри чанде аз расму оинҳои хурофотӣ ва зиёновар, дуруст фаҳмидани маънову муҳтавои садақаву хайрот, беҳбудии оила ва саодати фарзандонро дар мадди аввал гузоштан, аз рўи имкон накўӣ кардан ба он қишрҳое, ки дин мушаххас кардааст, ҳар инсонро ба худшиносӣ хоҳад бурд.

Дар охир аз ҷониби маърузачиён даъват ба амал оварда шуд, ки Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намоянд, ба хотири таҳкими давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, Ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона созем.

Другие новости

Время намаза в Душанбе

30.10.2024

Подробнее
Фаджр05:14
Зухр12:40
Аср15:38
Магриб17:34
Иша19:04
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее