Главная Новости ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР ВОХЎРӢ БО ФАЪОЛОНУ СОКИНОНИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД.

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР ВОХЎРӢ БО ФАЪОЛОНУ СОКИНОНИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД.

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ШЎРОИ УЛАМОИ МАРКАЗИ ИСЛОМӢ ДАР ВОХЎРӢ БО ФАЪОЛОНУ СОКИНОНИ НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД.
2023-07-17
1870

Рўзи 11-уми июли соли ҷорӣ намояндаи Шўрои уламои Маркази исломӣ сархатиби ноҳияи Рашт Мустафо Амиров дар доираи нақшаи фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон барои соли 2023 ба ноҳияи Тоҷикобод сафари корӣ анҷом доданд. Дар кохи фарҳангии ноҳияи Тоҷикобод вохўрӣ бо фаъолон ва сокинони қишрҳои гуногуни ноҳия дар мавзўи «Муборизаҳои иттилоотӣ ва таъсири манфии он ба тафаккури ҷавонон» баргузор гардид.

 Дар ин чорабинӣ намояндаи Шўрои уламо Мустафо Амиров дар мавзўи «Истифодаи оқилонаи интернет-омили ҳифзи тафаккури ҷавонон» баромади пурмуҳтаво намуданд.

Мавсуф қайд намуданд, ки интернет дастоварди бузурги инсоният дар асри XXI мебошад. Он ба сифати воситаи асосии иттилоърасон дар ҷаҳон баромад мекунад. Бояд гуфт, ки ҳар пешрафте, ки инсон ба он ноил мегардад, ҷанбаҳои мусбату манфӣ дорад ва Интернет низ, истисно нест. Имрӯз Интернет аҳолии ҷаҳонро ба ҳам наздик кардааст. Шаҳрванди як кишвар метавонад дӯстони зиёдеро аз мамлакатҳои дигар пайдо созад ва бо онҳо дар робита бошад. Барои пайдо намудани маълумоти зарурӣ, кофӣ ва муфид он имконияти хуберо дорост. Шабакаҳои иҷтимоии Интернет имкон медиҳанд, ки ҷавонон ба гурӯҳҳои илмӣ – фарҳангӣ, аз қабили химия, физика, тиб, адабиёт ва ғайра аъзо шуда, талаботи маънавиашонро қонеъ намоянд. Дохилшавии ҷавонон ба донишгоҳҳои кишварҳои дигар, ёфтани ҷойи кор тавассути рекламаҳо низ аз муфид будани Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дарак медиҳанд. Номгӯйи чунин хосиятҳои мусбати Интернет зиёданд.

Аммо, дар баробари ин, шабакаҳои иҷтимоӣ як қатор проблемаҳои ҷиддиро низ ба бор оварда, боиси ташвиш гардидаанд. Солҳои охир гурӯҳҳои террористию экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ақидаҳои ифротии худро тарғибу ташвиқ менамоянд. Таҷриба нишон медиҳад, ки аксар ҷавонон ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин ё он гурӯҳу ҳаракатҳои ифротӣ пайвастаанд. Сафи гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва террористие, ки ҷавононро ба фаъолияти худ ҷалб мекунанд, зиёд шудааст. Таҳлили маълумотҳои панҷ соли охир далолат медиҳанд, ки аз ҳар панҷ нафаре, ки дар сафи гурӯҳҳои динӣ – ифротӣ ва террористӣ фаъолият доштанд, синну соли чор нафарашон аз 30 сола зиёд нестанд. Ҳизбу ҳаракатҳои ифротие, ки дар Тоҷикистон фаъолияташон манъ аст, аз хориҷи кишвар ақидаҳои нопоки худро мехоҳанд тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба сари ҷавонон бор кунанд.

Аз ин рў, ҷомеаи шаҳрвандиро зарур аст, ки шабакаҳои иҷтимоиро ба сифати рушди ҷаҳонбинии ҷавонон ва баланд бардоштани ҳисси ватандориву миллатдўстӣ самаранок истифода кунанд. Муҳим аст, ки фарҳанг, анъанаҳои неки миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври зарурӣ таблиѓ шаванд. Маҳз ба ин восита метавон ҳувияти ҷавонону наврасонро тақвият бахшида, онҳоро аз таъсири номатлуби шабакаҳои ифротӣ наҷот дод...

Другие новости

Время намаза в Душанбе

30.10.2024

Подробнее
Фаджр05:14
Зухр12:40
Аср15:38
Магриб17:34
Иша19:04
Выступления Президента
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Подробнее
Выступления Председателья Исламского Центра
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Подробнее