Асосӣ Мақолаҳо ФАЗИЛАТИ САДАҚА ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

ФАЗИЛАТИ САДАҚА ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН

ФАЗИЛАТИ САДАҚА ДАР МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН
2023-04-07
823

Ба номи Худованди бахшояндаву меҳрубон

         Ҳамду сано Худованди покро ва дуруду салом бар Ҳазрати Муҳаммад (с) ва хонадону ёронаш. 

        Имрўзҳо моҳи шарифи Рамазон - моҳи раҳмату шафқат, мағфирату саховат, омурзиши гуноҳон ва иҷобати дуоҳо меҳмони мост. Моҳи шарифи Рамазон бо фазилатҳои ҳамидаи худ, аз қабили расидан ба қадри неъматҳои офаридаи Худованд, тақвияти имону ирода ва сабру таҳаммул, рафтор ва гуфтори наку, паҳрезкорӣ, риояи хулқу атвори ҳамида, ҳалолу пок зистанро ба мардум меомӯзад ва мардумро ба кори хайру сахо ҳидоят менамояд.

        Бояд як нуктаеро ёдрас шавем, ки парҳезкорӣ ва зиндагии ҳалолу покиза, мурувват намудан ба атрофиён, дасти фитодаҳоро гирифтан, аз рӯи тавону имон кумак намудан ба бародарону хоҳарони мусулмони худ, худдорӣ аз ҳама амалҳои ношоиста, доштани ахлоқи наку ва тақвияти он тавассути амалҳои хайру савоб, худро ҷузъи ҷомеа ҳисобидан ва даҳҳо арзишҳои дигаре ҳастанд, ки дар ин моҳи шариф барои рӯзадорон ҳатмӣ шуморида мешавад. Ҳар як шахс дар дар ин моҳ барои ризои Худо як амали нек ва ё як кори хайру савобро амалӣ намояд, монанди касест, ки ҳафтод амали фаризаро дар ғайри ин моҳ анҷом додааст.

        Дар ин моҳи хайру сахо ва иҷобати дуоҳо ҳар як ҳамватани мо бояд шукрона аз Тоҷикистони ободу озод намояд, ки дар баробари дигар давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон рӯ ба инкишофу беҳбудӣ ниҳода, мову шумо ба ин рӯзҳои нек омада расидем ва ба шарофати хизматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити орому осуда ва сулҳу субот метавонем арзишҳои миллию суннатҳои ниёгонамон ва идҳои миллию мазҳабиамонро таҷлил намоем. Дар моҳи мубораки шарифи Рамазон анҷом додани амалҳои хайру савоб, боз намудани дари саховату ҳиммат на ба хотири дарёфти мартабаву обрӯву эътибор миёни аҳли ҷомеа, балки ба хотири ризои Худованд аз ҳикматҳои дигари ин моҳи азизу муқаддас мебошад. Амали дигари неки ин моҳи муқаддас хайру садақа ба ятимон, муҳтоҷону оилаҳои камбизоат аст.

        Садақа кардан сабаби кушоиши ризқ гашта, Худованд дар ин дунё ҳам ба садақакунанда баракат ато мекунад. Худованд мефармояд: «Бигў: Ҳамоно Парвардигори ман ризқро фаровон медиҳад, барои ҳар касе, ки аз бандагонаш бихоҳад ва танг мекунад. Ва ҳар он чизеро, ки нафақа мекунед, пас Худованд онро бармегардонад. Ва ў беҳтарин ризқдиҳандагон аст» (Сураи «Сабаъ», ояти 39). Яъне ивази онро беҳтар аз он дар ҳамин дунё медиҳад. Пас садақа кардан на танҳо молро кам намекунад, балки онро афзун месозад. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Ҳаргиз амвол аз садақа кардан кам намешаванд» (Ривояти Муслим). Боз Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Се чиз аст, ки ман ба он қасам ёд мекунам ва ба шумо сухане мегўям, онро ҳифз намоед: Ҳаргиз моли банда аз садақа кардан кам намешавад. Ҳељ бандае зулм карда намешавад, пас сабр меварзад дар он зулм, магар ин ки Худованд иззаташро афзун мегардонад. Ҳеҷ бандае дари талбандагиро накушодааст, магар ин ки Худованд барояш дари камбағалиро боз мекунад» (Ривояти Тирмизӣ).

       Бояд мо ҳаргиз чунин гумон накунем, ки моли садақакардаамон талаф шудааст, балки бояд яқин дошта бошем, ки он боқист ва афзоиш меёбад, вале он молеро, ки дар даст дорем, ин аст, ки зоеъ мегардад. Ҳазрати Оиша (р) ривоят мекунад, ки боре онҳо гўсфандеро куштанд, пас Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам пурсид: «Чизе аз он боқӣ монд?» Ҳазрати Оиша(р) гуфт: Чизе намонд, ҷуз китфаш. Он ҳазрат фармуд: «Ҳамааш боқӣ монд, ҷуз китфаш» (Ривояти Тирмизӣ). Яъне вақте онҳо ҳамаи гўсфандро садақа карданд ва китфашро барои худ монданд, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфт, ҳамаи он барои охирати мо боқӣ монд, аммо китфаш, ки барои худ монданд, гўё боқӣ намондааст. Ў барои умматони худ дарс медиҳад, ки танҳо ҳамон моле боқӣ мемонад, ки онро барои охират сарф мекунанд ва он чизеро, ки садақа намекунанд, ба зудӣ аз дасти онҳо меравад.

        Садақа накардан сабаби гум шудани мол аст. Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мефармоянд: «Ҳар субҳе, ки бандагон бармехезанд, ду малоика садо мекунанд. Яке мегўяд: Худоё, ҳар ки садақа кунад, барояш онро баргардон. Дигаре мегўяд: Худоё, он касеро, ки садақа намекунад, молашро зоеъ кун» (Ривояти Муттафақ).

         Аз ин хотир бояд аз моли беҳтарин садақа намои, на аз моли пасту бесифат. Худованд мефармояд: «Эй касоне, ки имон овардаед, нафақа кунед аз хушиҳои он чӣ касб мекунед ва аз он чӣ бароятон аз замин баровардаем. Ва шумо қасди додани чизи вайронро накунед, ки худ онро қабул надоред, магар ин ки чашмонатонро бипўшонед. Ва дониста бошед, ки Худованд ғанӣ ва ҳамид аст» (Сураи «Бақара», ояти 267). Худованд амр мекунад, то аз молҳои хуб садақа намоем ва аз садақа кардани моли паст манъ мекунад. Ў мегўяд: «Он гуна, ки худатон намехоҳед, бароятон чизи бад диҳанд, пас худ низ чунин чизро ба дигарон надиҳед. Чӣ гуна шумо барои мардум розӣ мешавед он чизеро, ки барои худ розӣ нестед?» Баъди ин Худованд хабар медиҳад, ки Ў муҳтоҷи садақаҳои шумо нест ва вақте шуморо амр ба садақа мекунад, барои фоидаи худи шумо амр мекунад. Пас барои худатон чизи беҳтареро бидиҳед. Худованд мефармояд: «Шумо ҳаргиз ба ҷаннат намерасед, то ин ки сарф накунед аз он чӣ дўст медоред» (Сураи «Оли Имрон», ояти 92). Яъне шумо ҳаргиз соҳиби эҳсон, тақво ва мартабаҳои олии ҷаннат намегардед, магар вақте ки маҳбубтарин моли худро сарф намоед. Вақте ин оят нозил шуд, саҳобагон шитоб карданд ва беҳтарин молҳои худро садақа намуданд, то ба Худованд наздиктар шаванд. Абўталҳаи Ансорӣ (р) боғи худро, ки хеле дўст медошт, садақа намуд ва ҳазрати Умар (р) канизаке дошт, ки мавриди писанди ў буд, озод намуд ва гуфт: Худованд мефармояд: «Шумо ҳаргиз ба ҷаннат намерасед, то ин ки сарф накунед аз он чӣ дўст медоред» (Сураи «Оли Имрон», ояти 92).

         Пас шумо, эй бандагони Худо, суннати Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва салламро зинда намоед ва ба бародарони худ накўӣ кунед ва ҳурмати ин ибодат илоҳиро ба ҷо оваред. Ҳамоно ки Худованд накўкоронро дўст медорад ва садақакунандагонро мукофот медиҳад. Ҳар ки қадри ибодатҳои Худоро донад, ин далели тақвои дилҳост.

         Ин навиштаи худро бо  нигоштаи Шайх Аттори Нишопурӣ ба пойн мерасонам:   

Ҳар ки хандонад ятими хастаро,

Боз ёбад ҷаннати дарбастаро.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:26
Пешин12:40
Аср17:48
Шом19:51
Хуфтан21:21
Суханронии Президент
Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошӣ ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
Паёми  табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Паёми табрикии Раёсати Шўрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати фаро расидани моҳи мавлуди Пайғамбар (с)

Муфассалтар