Асосӣ Мақолаҳо ДОНИШ ТАЛАБУ БУЗУРГИ ОМӮЗ

ДОНИШ ТАЛАБУ БУЗУРГИ ОМӮЗ

ДОНИШ ТАЛАБУ БУЗУРГИ ОМӮЗ
2023-09-01
561

   Ҳамасола рузи 1­уми сентябр дар кишвари мо ва кишварҳои пасошӯравӣ ҳамчун рӯзи дониш ва оғози соли нави хониш таҷлил мегардад. Ҳазорон ҳазор донишҷӯву хонандагони мактаби миёна пас аз истироҳати тобистона қадам бар дабистону донишгоҳҳо мегузоранд. Шукри Худои Маннон, ки бо амнияту осоиштагӣ ин  рӯзро ҳамасола паси сар менамоем. Мақсад аз ин гуфтаҳо ин аст, ки ба хонандаи закӣ ёдоварӣ намоем, ки дар рӯи Замин ҳастанд мамолик ва қишрҳое, ки кӯдакони онҳо ҳатто хонданро дар гӯшаи хотир намеоранд.  Ва ҳастанд қавмҳое, ки аз  ин сана аз ин гиру дор фориғанд. Ҳастанд мардумоне, ки бо шиками гурусна ё лабташна дар суроғи бурдаи ноне ё косаи обе рӯзи худро сипарӣ менамоянд, куҷо расанд ба талаби илм.  Ҳастанд маконҳое, ки кӯдаконаш бо садои таркиши тиру тӯп аз хоб бедор мешаванд.

             Моро, ки Худованди мутаъол аз неъмати осоиштагӣ, фаровонӣ ва тинҷӣ бархӯрдор намудаст,  бояд шукри ин неъматҳоро ба ҷо оварем ва бо ҷидду ҷаҳд паи таълиму тадрис гардем. Ба ҷавонон ва фарзандон шукри ин неъматҳоро талқин намоем, чунки асос ва манбаи бузургиву шавкати инсоният вобаста бар дониш аст. Бинобарин дар кулли замонҳои гузашта, ки на дар ҳар деҳу русто дабистоне буд ва на дар ҳар шаҳре  донишгоҳеву донишкадае, мардумони замонҳои мухталиф барои дастрасӣ ба дониш кӯшидаанд то рӯзгори хешро маъниву моя бибахшанд, ноёфтаниҳоро биёбанд ва дар роҳату комгорӣ ба сар бибаранд. Чунон,ки Фирдавсии бузург мефармояд:

Ба дониш равонро тавонгар кунед,

Хирадро бад­ин бар сар афсар кунед.

           Обрӯ ва шукӯҳи шахс аз дониш аст. Аз ин рӯ набояд пой дар кӯчаи бедонишӣ ниҳод ва дар бероҳагиву саргумӣ зист ва набояд ба нокомӣ гардан  ниҳод. Зеро беҳтарин раҳовард ва арзандатарин тӯшаи инсон дар ин олам дониш аст, ки ба василаи он шахс исмашро  ҷовидонӣ ва намиранда мегардонад. Дар “Роҳат­ус­судур”­и Ровандӣ ба ин нуктаи омӯзандаву роҳнамо бармехӯрем: “ Ва бидон, ки олами ҷаҳл зулмотест ва олами илм оби ҳаёти зулмот аст. Агар ҳар, кӣ оби ҳаёти илм дар  мазрааи дил биронад ва ниҳоли дониш биншонад, номи ӯ абадуддавр боқӣ бимонад”.

                        Ҳар онро, ки дониш бувад, тӯша бурд,

                        Бимирад танаш, ном ҳаргиз намурд. 

         Ибни Рушд мефармояд: ”Чун дониш нест, пас дар ин олам чизе дониста намешавад. Агар чизе дониста пиндошта шавад ҳам, дар асл фақат гумон аст”. 

          Барои инсоният дар ин дунё пурқимматтар аз дониш сармояе  набудаву нест. Гароиш ба ин сарвати маънавӣ фахру фар ва боиси бузургии ӯст. Аммо дониш бо амал зебандаву накӯст ва ҳар донише, ки ба амал ҳамроҳ нест ҳеҷ аст. Ба қавли бузургон “Дониш решаву тана аст, кор шохаву бору бар”.

Илмат ба амал чу ёр гардад,

Қадри ту яке ҳазор гардад.

            Бе донишӣ офат ва фоҷиа аст. Он ҷо, ки нодонӣ фармонравоӣ мекунад, тараққиву саодат ва оромишу осоиш чун мурғи анқост. Аммо он ҷо, ки дониш подшоҳӣ мекунад, ободу мутараққи ва оромишу осоиш фаровон аст. Бинобарин ҷавонону наврасони азизи моро мебояд шукри Худо ва ин неъматҳояшро ба ҷо оваранд ва рӯзҳои худро ба беҳуда насипаранд ва паи илму донишомӯзӣ ҷидду ҷаҳд ба харҷ диҳанд. Чун ин неъмати ҷавонию наврасӣ даргузар аст, онро дуруст истифода баранд то дар пиронсолӣ ҳасрат нахӯранд. Ба кулли олимону мутааллимон ва ҷавонону наврасон соли нави хонишро табрик гуфта барояшон тани сиҳат ақли солим ва накӯ истифода бурдани соли хониш ва умри гаронмояро таманно дорам.

                                                   Ҷамолиддин Хомӯшӣ.

                               Сардори Раёсати фатвои МИҶТ, омузгори ДИТ.

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:19
Пешин12:40
Аср18:01
Шом20:00
Хуфтан21:30
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар