Савол № 02893

Ман бояд издивоҷ мекардам, вале яке аз хешовандонам аз дунё гузашт. Оё ҳозир издивоҷ карда метавонам ё ки пас аз додани маъракаи солаш тўй кунам?

Савол:

Ассалому алайкум. Ман бояд издивоҷ мекардам, вале яке аз хешовандонам аз дунё гузашт. Оё ҳозир издивоҷ карда метавонам ё ки пас аз додани маъракаи солаш тўй кунам?

Саволдиҳанда:Алишер

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, аз нигоҳи шариат айёми таъзия се рўз аст, баъд аз ин зиндагӣ боз ба маҷрои худ идома медиҳад. Издивоҷ суннати Паёмбар (с) аст ва шитоб кардан дар анҷоми он мустаҳаб ва хуб аст. Онро як сол ба таъхир андохтан шарт нест.

2023-08-01
721
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод03:19
Пешин12:40
Аср18:01
Шом20:00
Хуфтан21:30