Савол № 02894

Оё истифода бурдани ҳоҷатхонаи унитаздор мумкин аст? Агар мумкин бошад, дар ин ҳолат худро тоза кардан зарур аст? Дар он ҷо чӣ тавр истинҷо кардан мумкин аст, ки об пош нахўрад? Пас аз пешоб чӣ амалҳоро анҷом додан лозим аст, то ки пешоби боқимонда хориҷ нашавад?

Савол:

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу. Оё истифода бурдани ҳоҷатхонаи унитаздор мумкин аст? Агар мумкин бошад, дар ин ҳолат худро тоза кардан зарур аст? Дар он ҷо чӣ тавр истинҷо кардан мумкин аст, ки об пош нахўрад? Пас аз пешоб чӣ амалҳоро анҷом додан лозим аст, то ки пешоби боқимонда хориҷ нашавад?

Саволдиҳанда:Парвиз

Ҷавоб:

Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, беҳтар ин аст, ки ҳоҷатхона мутобиқ ба талаботи шариат сохта шавад, дар ин сурат ҳеҷ мушкиле пеш намеояд. Агар ҳоҷатхона ба шакли унитаз сохта шуда бошад, дар ҳолати қазои ҳоҷат ё истинҷо кўшиш бояд кард, ки бадан ё либос олуда нашавад. Пас аз пешоб чанд қадам задан ё бо овози баланд сурфа кардан дар хориҷ шудани пешоби боқимонда муассир аст, ин амалро дар истилоҳи шариат истибро мегўянд.

2023-08-01
1140
Саволҳои худро фиристед

Қисмҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод04:58
Пешин12:40
Аср16:09
Шом18:08
Хуфтан19:38