Савол № 02895
Ҳангоми фотеҳа фиристодан ба гузаштагон кадом сураро хондан беҳтар аст?
Савол:
Ассалому алайкум. Ҳангоми фотеҳа фиристодан ба гузаштагон кадом сураро хондан беҳтар аст?
Саволдиҳанда:Фаридун
Ҷавоб:
Ва алайкумуссалому ва раҳматуллоҳ. Бародари азиз, дар вақти дуо кардан дар ҳаққи гузаштагон кадом сура ё оятеро, ки бихонед, дуруст аст ва савоб аз он ҳосил мешавад. Агар сураи “Ихлос” се хонда шавад, савоби сеяки хатми Қуръон дорад.
2023-09-16
750