Асосӣ Хабарҳо Қарори Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи мубораки Рамазон

Қарори Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи мубораки Рамазон

Қарори  Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи мубораки Рамазон
2022-03-30
4695

    Имрӯз 29.03.2022 соати 10:00 дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид. Раиси Шӯрои уламо  Саидмукаррам Абдуқодирзода ҳозиринро ба муносибати омад-омади моҳи мубораки Рамазон табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол моҳи мубораки Рамазон дар кишвар рўзи шанбе 2-юуми апрел фаро мерасад.

         Баъдан аъзои Шӯрои уламо масъалаҳои рўзномаи маҷлисро муҳокима ва баррасӣ намуда, чунин қарор қабул карданд:

  1. Мувофиқи ҳисоби илмӣ аввали моҳи шарифи Рамазон дар соли 2022 ба ҳисоби тақвимӣ рўзи шанбе 2-юми апрел муайян карда шавад.
  2. Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 35000 сомонӣ муқаррар карда шавад, ки аз он 875 сомонӣ закот дода мешавад.
  3. Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 7 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 80 сомонӣ (барои шахсоне, ки тавоноии молии бештар доранд) муайян карда шавад.
  4. Фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2022 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умеде нест ба миқдори 420 сомонӣ барои 30 рўз муайян карда шавад.

         Маҷлис бо дуои хайри аҳли нишаст дар ҳаққи Пешвои миллату мардуми кишвар ҳусни анҷом пазируфт.

Дигар хабарҳо

Вақти намоз дар Душанбе
Бомдод05:21
Пешин12:40
Аср15:31
Шом17:26
Хуфтан18:56
Суханронии Президент
Паёми шодбошии Пешвои миллат  ба муносибати иди Қурбон

Паёми шодбошии Пешвои миллат ба муносибати иди Қурбон

Муфассалтар
Суханронии Раиси
Маркази Исломӣ
МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

МАТНИ ТАБРИКОТИИ ШЎРОИ УЛАМОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАРДУМИ ШАРИФИ КИШВАР БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Муфассалтар